Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Отамбоев барои ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон умедвор аст, ки солҳои наздик масоили мушаххассозӣ ва аломатгузории марзаш бо Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд. Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, раиси ҷумҳур Отамбоев инро имрӯз паншанбеи 24 март баён доштааст.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки “мо дар масъалаи мушаххассозӣ ва аломатгузории марз бо Тоҷикистон забон ёфтем. Мо умедворем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ санади мазкурро барои ниме аз марзи давлатӣ ба имзо мерасонад ва дар чандсолаҳои наздик ин масъала пурра ҳал мешавад”.

Изҳороти Алмосбек Отамбоев дар пасманзари мушкили Қирғизистон бо Узбакистон дар яке аз минтақаҳои марзиаш садо дод.

Зимнан, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

XS
SM
MD
LG