Президенти Туркия гуфт, ки кишвараш қаблан яке аз афродеро, ки дар ҳамлаҳои террористии рӯзи 22 март дар Брюссел даст дорад, боздошт ва ба Белгия супурда буд, аммо ҳукумати Белгия баъдан ӯро раҳо кард.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи чаҳоршанбеи 23 март гуфт, Туркия ба Белгия ҳушдор дода буд, ки фарди ихроҷшуда як "шахси террорист" аст, аммо Белгия натавониста буд "алоқаи ӯ бо терроризм"-ро муайян кунад ва ба ҳамин хотир, ӯро озод карда буд.
Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, раиси ҷумҳури Туркия ба номи шахси ҳамлакунанда ишора накард, аммо гуфта шудааст, ки Туркия ӯро дар моҳи июни соли гузашта боздошт ва дар моҳи июли ҳамон сол расман аз ихроҷи ӯ ба ҳукумати Белгия, хабар дода буд. Ҳукумати Белгия то ба ҳол ба ин суханони раиси ҷумҳури Туркия вокуниш нишон надодааст.
Белгия эълон кард, ки ду бародар бо номҳои Холид ва Иброҳим Ал-Бакровӣ, омилони ҳамлаи интиҳории рӯзи сешанбеи 22 март дар Брюссел буданд, ки бузургтарине амалиёти террористӣ дар таърихи он кишвар ба шумор меравад. Ҳар ду бародар кушта шудаанд.
Гумонбари савум ҳам вуҷуд дорад, ки тибқи бархе гузоришҳо, Наҷим Ал-Ашровӣ ном дорад. Масъулияти ду таркиш дар фурудгоҳи Завентеми Брюссел ва як таркиши дигар дар истгоҳи метрои Маалбек дар маркази пойтахти Белгияро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифтааст.
Ҳамлаҳои рӯзи 22 март ҳамагӣ 4 рӯз баъд аз боздошти Салоҳ Абдусалом, як гумонбари асосии зиндамонда, ки ба раҳбарии ҳамлаҳои Порис гумонбар мешавад, рух дод. Салоҳ Абдусалом рӯзи 18 март дар як амалиёти густарда дар канори Брюссел дастгир шуд.
Дар пайи ҳамлаҳои Брюссел тадбирҳои амниятиро дар фурудгоҳҳои саросари Аврупо тақвият додаанд. Фаронса, ки аз замони ҳамлаҳои моҳи ноябр дар вазъи изтирорӣ қарор дорад, тадбирҳои амниятиро дар марз бо Белгия афзоиш додааст.