Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи калонтарин корхонаи тавлиди семент дар шимоли Тоҷикистон


Дар шимоли Тоҷикистон бузургтарин корхонаи сементбарорӣ ба фаъолият оғоз кард, ки тавоноии тавлиди 3300 тонна семент дар як шабонарӯзро дорад.

Дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи тавлиди сементи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» ба фаъолият оғоз кард. Рӯзи 23 март дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхона, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат доштааст.

Бунёди ин корхона аз ҷониби ширкати тоҷикии «Ғаюрсемент» ва шарикони чинии «Хуаксин семент» соли 2014 оғоз ёфта буд ва дар масоҳати 48 гектар бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки тибқи нақша, ин корхона дар як шабонарӯз иқтидори тавлиди 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна сементро дорад ва 1300 нафар дар он бо ҷои кори ҳамешагӣ таъмин мешаванд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, 90 дарсади коргарони ин корхона шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд ва маоши онҳо аз 2000 то 12000 сомониро ташкил хоҳад дод. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда ва дар назар аст корхона ҳамасола ба давлат беш аз 145 миллион сомонӣ андоз супорад.

Ин корхона филиали корхонаи муштараки Чин ва Тоҷикистон "Ҳуаксин Ғайр семент" мебошад ва ба Акбар Ғуломов, писари шодравон Асадуллоҳ Ғуломов, муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон тааллуқ дорад. Корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фаъол шуд.

Гуфтанист ширкати "Хуаксин Ғаюр Семент" аз ҷониби корхонаи муштараки тоҷикистонию чиноии "Ғаюр" ва ширкати "Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент" таъсис дода шудааст. Ширкати "Ғаюр" соли 2006 таъсис ёфта, масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунад. "Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент" ширкати сармоягузорӣ буда, сохтмони корхонаҳои калони истеҳсоли сементро маблағгузорӣ мекунад. Аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши семент дар Ҷумҳурии мардумии Чин дар сафи ширкатҳои пешқадам унвон мешавад.

Ба дунбол оғози фаъолияти Хуаксин Ғаюр Семент" дар Ёвон, як муддат нархи як халта сементи 50-килограмӣ дар Тоҷикистон то 37-38 сомонӣ поён рафт, аммо замоне, ки ворид кардани семент аз Покистон ба Тоҷикистон ба далели рақобатҳо қатъ шуд, нархи сементи ин ширкати муштарак ба якборагӣ боло рафт. Ҳоло нархи як халтаи сементи 50-килограмӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 47-48 сомониро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG