Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахта - муҷозот барои таҷовуз ба номуси кӯдакон


Парлумони Қазоқистон ба қавонини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тағйирот ворид кард, ки дар онҳо, аз ҷумла, ахтаи кимиёвии муттаҳамон дар таҷовуз ба номуси атфол пешбинӣ шудааст.

Парлумони Қазоқистон ба баъзе қавонини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тағйирот ворид кард, ки дар онҳо, аз ҷумла, ахтаи кимиёвии муттаҳамон дар таҷовуз ба номуси кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Дар қарори Сенати Қазоқистон гуфта шудааст, ки ҳадаф аз вуруди тайғиру иловаҳо – шадидтар кардани муҷозот алайҳи афродест, ки ба номуси кӯдакон дастдарозӣ мекунанд. Тағйирот ба Кодекси маъмурӣ ва ҷиноӣ, Кодекси сиҳати мардум ва низоми ҳифзи саломатӣ меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки бар пояи онҳо алайҳи афроди муттаҳам дар таҷовуз ба номуси кӯдакон аз роҳи кимиёвӣ ахта карда мешаванд.

Пешниҳоди ахтаи кимиёвӣ кардани ҷинояткорони муттаҳам дар дастдарозӣ ба кӯдакон моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Додситонии кулли Қазоқистон ироа шуда буд. Баъд аз пазируфта шудани пешниҳод аз сӯи Сенат акнун бояд зери он раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев имзо гузорад.

Бирганим Айтимова, вакили парлумони Қазоқистон, ба хабаргузории «Новости–Казахстан» гуфтааст, ки ахтаи кимиёвӣ аз тариқи сӯзандору сурат мегирад ва он барои ҷилавгирӣ аз хушунати ҷинсӣ зарур аст. Аммо ин ба он маъно нест, ки шахси муттаҳам якумрӣ ахташуда боқӣ хоҳад монд. Ба гуфтаи ӯ, аз сӯи дигар, тасмим дар бораи ин гуна муҷозот аз сӯи додгоҳ гирифта мешавад.

Вакилони Сенати Қазоқистон ҳамчунин дар робита ба сабти ному ҳисобу китоб ва дастрасӣ ба иттилои сиррӣ дар бораи кӯдакони ятим ва кӯдакони аз тарбияи волидайн маҳруммонда ба қонун тағйирот ворид карданд. Бирганим Айтимова зимни муаррифии тарҳи қонун дар ҷаласаи Сенат гуфт, ки айни ҳол дар Қазоқистон 5 миллион кӯдакон ба сар мебаранд, ки 9 ҳазор нафари онҳо дар парваришгоҳҳо тарбия мегиранд.

Ин вакили парлумони Қазоқистон мегӯяд, ки тағйирот ба қонун барои таъмини ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои гуногуни мудофеъ аз ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла, идораву муассисаҳои хориҷии Қазоқистон, зарур аст. Ба гуфтаи Айтимова, ба ин хотир аз буҷаи давлат барои солҳои 2015-2017 120 миллион танга, муодили 350 ҳазор доллар доллар ҷудо шудааст.

XS
SM
MD
LG