Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон барои ҷалби сармояи Иморот талош мекунад


Дидори расмии Президент Раҳмон аз Аморати Муттаҳидаи Араб
Дидори расмии Президент Раҳмон аз Аморати Муттаҳидаи Араб

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни дидори расмиаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) умдатан мавзӯъи ҷалби сармоя барои бахшҳои энерҷӣ, нақлиёт, бунёди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро матраҳ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқотҳояш бо мақомоти давлати Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ва ниҳодҳои хайрияи ин кишвар умдатан мавзӯъи ҷалби сармоя барои бахшҳои энерҷӣ, нақлиёт, бунёди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро матраҳ кардааст.

Президент Раҳмон таъкид кардааст, феълан дар Тоҷикистон беш аз 400 барномаи гуногуни сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ таҳия гардидааст ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳо бо имконияту афзалиятҳои мусоид мавҷуд аст.

Аз ҷумла, баъд аз зуҳри чоршанбеи 16 март зимни дидор бо Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи ИМА Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён ва мақомоти дигар тавсеъаи ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ, амният, маориф, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён кумакҳои башардӯстона ба сокинони аз офати табиӣ осебдидаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Дар ҷараёни мулоқот имконоти дигари маблағгузорӣ барои амалӣ кардани лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои гуногуниқтидори барқи обӣ, барномаҳои рушди соҳаҳои саноати ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия, бонкдорӣ, рушди туризм ва маорифу тандурустӣ низ матраҳ гардидааст.

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа Ал-Муборак масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди сайёҳӣ, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар доираи дидори расмӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ аз масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён дидан кард. Ин масҷид дар соли 2007 ба ифтихори Асосгузор ва нахустин раиси ҷумҳури Имороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён сохта шудааст.

Зимнан дар ҷараёни нахустин сафари расмӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб дар соли 1995 раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд.

Дар се моҳи охир ин сафари дувуми Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабӣ аст. Дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ ӯ ба Арабистони Саудӣ рафта, дар пайи боздидҳои расмӣ ҳамроҳи ҳамсар ва бархе аз фарзандонаш маносики Ҳаҷҷи умраро низ ба ҷо овард.

XS
SM
MD
LG