Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд нукта дар бораи марги Лесин -- мушовири пешини Путин


Рӯзи 3-юми ноябр Михаил Лесин қарор буд дар як зиёфати бузург дар яке аз меҳмонхонаҳои бошукӯҳи Вошингтон ширкат кунад, вале ӯ ба меҳмонӣ наомад ва баъд аз 48 соат ҷасадашро дар утоқи меҳмонхонаи маҳали зисташ ёфтанд.

Михаил Лесин, яке аз шахсиятҳои муҳими таъсиргузор дар матбуоти Русия ва вазири пешини матбуот, телевизион ва радиои ин кишвар буд. Марги ӯ дар пойтахти Амрико дар таърихи 3-юми ноябри соли 2015, ангеза ва омили ин куштор, ҳадсу гумонҳои зиёдеро барангехтааст ва пулиси Вошингтон ва FBI дар таҳқиқоти худ дар бораи ин ҳодиса, ба мушкилот дучор шуданд. Ҳатто як маркази пажӯҳишӣ, ки мизбони зиёфати шоми 3-юми ноябр будааст, намедонад, Михаил Лесинро кӣ ба ин меҳмонӣ даъват карда буд.

Бархе тахминҳо ва гузоришҳои таъйидношуда ҳикоят аз он дорад, ки Михаил Лесин дар давраи иқоматаш дар Вошингтон маълумоти маҳрамонаи ҳукумати Русияро дар ихтиёри Амрико қарор дода буд ва ҳатто ба ин хотир таҳти ҳифозати ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Амрико будааст.

Идораи пизишки қонунии шаҳри Вошингтон рӯзи 10-уми март маълумоти наверо дар мавриди парванда нашр кард ва гуфт, ки Михаили Лесин "аз ҷароҳати зарбаи сахт дар сараш" ба ҳалокат расидааст. Ин ташхиси тиббӣ бо гузориши расонаҳои Русия, ки аз қавли яке аз аъзои хонаводаи Михаил Лесин, ки гуфта буданд, ӯ бар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст, комилан фарқ дорад.

ПАНҶ НУҚТАИ КАЛИДӢ ДАР МАВРИДИ МАРГИ МИХАИЛ ЛЕСИН

1. ОЁ МИХАИЛ ЛЕСИН БА ҚАТЛ РАСИДААСТ?

Дар баёнияи пулиси ва дафтари пизишки қонунии Вошингтон гуфта мешавад, ки "шеваи қатл номушаххас" аст. Тибқи гузориши онҳо, Михаил Лесин илова бар сараш, дар ноҳияи гардан, атрофи сина ва шикам ва дигар андомҳояш ба шиддат мавриди латукӯб ва зарб қарор гирифтааст.

Ҳеҷ нишонае аз даргирии физикӣ дар утоқи меҳмонхонаи маҳали зисти Михаил Лесин дида намешавад. Вале ба гузориши рӯзномаи Ню-Йорк Таймз аз қавли як масъули таҳқиқот, навори дурбини ҳифозатӣ нишон медиҳад, ки Михаил Лесин ҳангоми бозгашт ба меҳмонхона, парешон будааст.

ЧАРО ПУЛИС ТАҲҚИҚОТИ ҶИНОӢ АНҶОМ НАДОД?

Пас аз марги Михаил Лесин, пулиси Вошингтон таҳқиқоти ҷиноиро оғоз кард. Вале масъулияти он ба ӯҳдаи гурӯҳ ва ё воҳиде буд, ки дар мавриди марги табиӣ таҳқиқ мекунад. Рӯзномаи Вошингтон пост низ гузориш дод, ки ин воҳиди пулиси Вошингтон, масъули баррасии ҳодисаҳои ҷиноятӣ нест.

ЧАРО ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ТАШХИС ТӮЛ КАШИД?

Масъули пизишки қонунии Вошингтон мегӯяд, ки дар аксари мавридҳо тахшиси тиббӣ ва ё колбадшикофӣ давоми 90 рӯз баъд аз марг нашр мешавад. Ӯ дар мусоҳибае ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, колбадшикофии Михаил Лесин ҷузъи 10-дарсадии мавридҳое аст, ки анҷоми таҳқиқот ва эълони натиҷаҳои он ба хотири печидагиҳои марг, беш аз 90 рӯз тӯл мекашад.

ОЁ НИҲОДҲОИ ИМА ДАР МАВРИДИ ЛЕСИН ТАҲҚИҚ МЕКУНАНД?

Ин масъала ҳанӯз норӯшан аст. Дар моҳи марти соли 2014 як сенатори амрикоӣ аз вазорати адлияи он кишвар хоста буд, дар мавриди эҳтимоли пулшӯӣ аз сӯи Михаил Лесин таҳқиқ кунад. Аммо на вазорати адлия ва на FBI, ки ин таҳқиқот ба онҳо вогузор шуда шуда буд, ҳеҷ гуна таҳқиқот дар мавриди Михаил Лесинро таъйид накардаанд.

Дархости сенатори амрикоӣ барои таҳқиқот дар мавриди Михаил Лесин ин ҳадсу гумонҳоро ба миён овард, ки гӯё ӯ барои сӯҳбат дар мавриди амволи худ дар Калифорния, бо ниҳодҳои масъул ба шаҳри Вошингтон омада буд. Аммо бо ин ҳам овозаҳое вуҷуд дорад, ки сабаби сафари Лесин ба Вошингтон, тамос бо ниҳодҳои амниятии Амрико будааст ва дар натиҷа сабаби қатли ӯ, пешгирӣ аз интиқоли маълумоти маҳрамонаи ҳукумати Русия будааст.

МИХАИЛ ЛЕСИН ВОҚЕАН ДАР АМРИКО ЧӢ МЕКАРД?

Михаил Лесин аз моҳи октябри соли 2013 то 12 январи соли 2015 раиси умумии "Газпром-медиа холдинг» буд. Ба ин ҳолдинг ширкатҳои телевизионии НТВ, ТНТ, ширкати телевизионии моҳвораии "НТВ-Плюс", радиои "Эхо Москвы", "Cити-FM", Relax-FM ва нашриёти "Семь дней" дохил мешаванд. Дар моҳи декабри соли 2014 зоҳиран бинобар корҳои шахсияш аз раёсати "Газпром-медиа холдинг" канор рафт. Тибқи нишонаҳои додгоҳҳои Амрико ва дӯстони Лесин, ӯ қабл аз истеъфо чанд муддат дар Калифорния зиндагӣ мекард.

Писари ӯ Антон аз сармоягузорони муваффақ дар филмҳои ҳолливудӣ аст ва духтараш Екатерина сокини Амрикост ва муддатҳо барои шабакаи хабарӣ ва телевизионии RT кор мекунад, ки давлати Амрико онро минбари таблиғотии ҳукумати Русия медонад.

Санадҳо Девони олии иёлати Калифорния нишон медиҳад, ки Михаил Лесин бо визаи сайёҳатӣ ба Амрико омад, вале сабаби будани ӯ дар Амрико ҳангоми маргаш, ҳанӯз номаълум аст.

XS
SM
MD
LG