Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cафина се рӯз баъд аз садама ба ҳуш омад


Акс аз ҷои ҳодиса.
Акс аз ҷои ҳодиса.

Сафина Наврӯзова, хонандаи мактаби рақами 14-и Душанбе, ки авоили ин ҳафта дар як садама маргбор ҳамроҳи ду ҳамсинфаш зери чархи мошин монда буд, баъд аз се рӯзи беҳушӣ ба худ омадааст.

Сафина Наврӯзова яке аз 3 хонандае, ки рӯзи 7- уми март дар назди мактаби шумораи 14-и шаҳри Душанбе зери чархи мошин монданд, баъди 3 рӯзи ин ҳодиса дар бемористони Қарияи Боло ба худ омадааст.

Сӯҳроб Наврӯзода, падари Сафина рӯзи 10 уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи ин садама узвҳои дарунии духтараш осеб дидаанд ва ҳолаташ вазнин буд ва бинобар ҳамин, ҷарроҳӣ шуд. Ба гуфтаи падари Сафина, духтараш имрӯз худро беҳтар эҳсос мекунад ва саломатиаш мӯътадил мебошад. Сафина ҳоло дар бахши эҳёгарии бемористони Қаряи Боло бистарӣ аст.

Садами маргбор қабл аз зӯҳри 7- уми март дар гузаргоҳи назди мактаби тоҷикию русии рақами 14, ки дар канори роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст, рух дод. Хонандагони синфҳои панҷ Карима Қурбонова, Ширин Қаюмова ва Сафина Наврӯзова ҳангоми убур аз гузаргоҳ зери чархи мошини тамғаи "Опел" мондаанд.

Карима Қурбоноваи 11 сола дар ҷойи ҳодиса фавтид ва Сафинаву Ширин бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхона интиқол ёфтанд. Ширин Қаюмова -- хонандаи савум то ҳанӯз дар бемористон аст ва сиҳатиаш хеле беҳтар арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи наздиконаш, ҷароҳатҳои Ширин зиёд ҷиддӣ набуданд ва дасту пояш ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҳангоми гузаштан аз роҳ троллейбус, ки аз хати якум мегузашт ба наврасон роҳ дода, аммо мошини сабукрави хатии дуввум бо суръати баланд ҳаракатро идома дода ва хонандаҳоро пахш кардааст.

Омилони садамаи маргбор: ронандаи "лихач"-у камбуди чароғакҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохила ронандаи мошин аллакай боздошт шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як рӯз баъд аз ин ҳодиса хабар дод, ки гумонбари садамаи маргборе дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 7 март рух дод, Ҳусейн Қурбонов, як марди 25-солаи сокини пойтахт мебошад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як масъули ВКД хабар дод, ки ин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Л.Шералӣ ба самти кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи мактаби таҳсилоти умуми №14 бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, се ноболиғро пахш кард. Дар натиҷа яке аз ин се мактабхон ба ҳалокат расида ва ду тани дигар бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон мунтақил шуданд.

Ин фоҷеаи хунин, риоя нашудани қоидаҳои роҳ ва махсусан мушкили набуди чароғак дар назди мактаби рақами 14 ва дигар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳрро вирди забонҳо кардааст. Бино ба омори расмӣ, дар як соли гузашта бар асари ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард беш аз 400 нафар ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG