Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи "Зарафшон": Қарзи 280 миллион сомонӣ аз куҷо пайдо шуд?


Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чини тилои "Зарафшон"-и ноҳияи Панҷакент мегӯяд, аз Кумитаи андоз дар ҳаҷми 280 миллион сомонӣ қарздор аст.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чини тилои "Зарафшон"-и ноҳияи Панҷакент мегӯяд, ҳанӯз қарзи андоз дар ҳаҷми 280 миллион сомониро напардохтааст ва мунтазири шарҳи Кумитаи андози Тоҷикистон мебошад. Кумитаи андоз ба навбати худ мегӯяд, баъди мулоқоти дуҷониба дар моҳи декабри соли гузашта масъулони ин корхона ваъда доданд, ки қарзро мепардозанд ва бо назардошти ин ваъда суратҳисоби корхона боз карда шуд.

Дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта Кумитаи андоз барои пардохт нашудани қарзи ин корхона суратҳисоби онро масдуд карда буд.

Амриддин Фахриддинов, сардори Раёсати кадрҳои корхонаи тилои "Зарафшон" 7 март ба Радиои Озодӣ гуфт, корхона аз Кумитаи андоз мунтазири посухи шаффоф ва дақиқ мебошад, ки қарзи 280 миллион сомонӣ аз куҷо сарчашма мегирад.

Ба гуфтаи ҷаноби Фахриддинов, баҳси корхонаи корхонаи муштараки калонтарини истеҳсоли тилои Тоҷикистону Чин мавсум ба "Зарафшон"-и ноҳияи Панҷакент бо Кумитаи андоз вазъи корхонаро ногувор сохта ва мақомоти он ба ихтисори 10 дарсадии кормандонаш шурӯъ кардааст.

Ҳамчунин, аз моҳи июли соли 2015 то кунун ҳудуди 100 коргар бо сабаби ба нафақа баромадан аз корхона озод карда шуд.

Як мақоми Кумитаи андоз ба Радиои Озодӣ гуфт, қарзҳои ин корхона дар натиҷаи пинҳон доштани даромадҳо ва дар мӯҳлати муқаррар напардохтани андозҳои мухталиф ба вуҷуд омадааст.

Ӯ гуфт, намояндагони корхонаи тилои "Зарафшон" дар ҳузури муовини сарвазир Азим Иброҳим ва вазири саноат ва технологияҳои нав роҳҳои баргардондани қарзро баррасӣ кардаанд ва ба дунболи он Кумитаи андоз муваққатан суратҳисоби ин корхонаро боз кард ва онҳо ваъда доданд шурӯъ аз моҳи январ қарзи худро марҳила ба марҳила хоҳанд пардохт.

Ин манбаъ гуфт,то ҳол Кумитаи андоз мунтазири пардохти қарз аз ҷониби корхонаи муштараки тилои "Зарафшон" мебошад.

Рӯзи 18 декабри соли гузашта Радиои Озодӣ хабар дода буд, баъди боз кардани суратҳисоби корхона, коргарон маоши думоҳа барои моҳҳои октябр ва ноябрро дарёфт намуданд ва корхона ҳоло ба ҳолати муқаррариаш бармегардад.

Исмоил Зарифов, намояндаи корхонаи "Зарафшон" он замон гуфта буд, кони тилои “Таррор” фаъол шуда ва дар аввалҳои ҳафтаи дигар кони “Ҷилав” низ мавриди баҳрабардории дубора қарор хоҳад гирифт. Ҷаноби Исмоилов таъкид дошт, ки имкони харидории маводи сӯхт низ пайдо шудааст ва барои аз Саразму Навобод ба маҳалли конҳо интиқол додани коргарон имкон ба вуҷуд омадааст.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав рӯзи 18 декабри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар натиҷаи баррасии вазъи корхонаи тилои Панҷакент дар сатҳи муовини нахуствазири кишвар, Кумитаи андоз суратҳисоби ин корхонаро муваққатан боз намуд. Дар баррасии вазъи корхона вазири саноат ва технологияҳои нав, масъулони корхона ва намояндагони Кумитаи андоз ширкат доштаанд.

Ин дар ҳолест, ки авоили моҳи декабр Бахтиёр Рабиев, сардори бахши фаннӣ ва истесолоти корхонаи тилои «Зарафшон» аз вазъи нигаронкунандаи ин корхона хабар дода буд. Вай гуфта буд, ки ин муассиса бо баста шудани суратҳисобаш аз тарафи Кумитаи андоз дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дорад.

Намояндагони корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин гуфтанд, баъди он, ки Кумитаи андоз бо назардошти пас гирифтани қарзи 200 миллион сомонӣ аз ин корхона, суратҳисоби онро масдуд кард, маблағҳои ворида мустақим ба ҳисоби Кумитаи андоз ворид шуда, коргарон бемаош монданд ва имкони харидории маводи сӯхт бениҳоя кам шуд ва дар натиҷа конҳо баста шуданд.

Ба дунбол, Вазорати саноат ва технологияҳои нав гуфт, онҳо дар ҷараёни вазъи пешомада дар корхонаи муштараки Тоҷикистон Чин ҳастанд ва ҳама талошҳоро ба харҷ медиҳанд,то фаъолияти онро ба ҳолати қаблиаш баргардонанд.

Корхонаи муштараки истихроҷи тилои "Зарафшон" дар соли 1994 бо сармояи ширкати "Commonwealth&British Mineral Ltd"-и Бритониё дар заминаи корхонаи истихроҷи тилои даврони шӯравии пешин дар ноҳияи Панҷакент таъсис шудааст, ки 49 дарсади фоидаи онро Тоҷикистон ва боқимондаашро ширкати бритониёӣ мегирифт. Ҳамакнун қисме ин корхонаро ширкати Zijin Mining Group-и Чин харидорӣ карда, 75 дарсади саҳмияҳои онро дар ихтиёр дорад ва 25 дарсади боқимонда моли давлати Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG