Дар ҳоле, ки интихоботи муқаддамотии Ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ барои таъйини номзади ниҳоии худ дар интихоботи президентии Амрико, рӯзи сешанбеи 1-уми март дар чанд иёлатҳои Амрико ба поён расидааст, расонаҳои он кишвар мегӯянд, ки Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп бештарин пирӯзиҳоро ба даст овардаанд.
Шабакаҳои хабарии Амрико, аз ҷумла CNN мегӯяд, ки Доналд Трамп дар ҳафт иёлат ва Ҳиллари Клинтон низ дар ҳафт иёлат ба пирӯзӣ расидаанд. Аз интихоботи аввали март ба унвони "сешанбеи бузург" ёд мекунанд, зеро ки интихоботи муқаддамотӣ ҳадди ақал дар 11 иёлати Амрико дар ин рӯз баргузор мешавад. Ба ҳамин сабаб, ин интихобот метавонад заминаи пирӯзӣ ва ё шикасти ҳар як аз номзадҳои ин ду ҳизбро фароҳам кунад.
Ҳиллари Клинтон ва Барни Сандерс ду номзади иштироккунанда дар рақобатҳои дохилии ҳизби демократ барои интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар соли 2016 ҳастанд. Коршиносони CNN пешбинӣ карда буданд, ки Доналд Трамп эҳтимолан дар "сешанбеи бузур" дар муқоиса бо номзадҳои дигари ҳизби ҷумҳурихоҳ пирӯзиҳои бештаре ба даст биёрад. Панҷ номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар рақобатҳои дохилиҳизбӣ ширкат доранд.
Дар Амрико довталабони номзадӣ аз ҳизбҳои демократу ҷумҳурихоҳ пеш аз онки дар анҷумани миллии ин аҳзоб номзади ниҳоӣ интихоб шавад, бояд аз ғалбери интихоботҳои муқаддамотии аъзо ва тарафдорони ин ҳизбҳо дар ҳар аёлат гузаранд. Ин овоздиҳо ба ду шакл анҷом мешаванд: овоздиҳии маъмулӣ ё крокус, ки дар он тарафдорони ҳар довталаб дар як гӯшаи толор ҷамъ мешаванд ва нафарони масъул як-як ҳисоб мекунанд, ки ин ё он номзад дар тӯдаи худ чанд тарафдорон ҷамъ овардааст. Маъмулан довталаб баъди пирӯзӣ дар ин ё он аёлат овози тамоми вакилони ин аёлат дар анҷумани миллии ҳизбро ба худ ихтисос медиҳад.
Дар интихоботҳои президентии Амрико номзадҳои мустақил низ ҳаққи ширкат доранд, вале дар баробари номзадҳои ду ҳизби тавонои демократ ва ҷумҳурихоҳ шонси зиёд надоранд. Дар интихоботи имсола низ шаҳрдори собиқи Ню-Йорк миллиардер Майкл Блумберг низ азми ширкат кардааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, дар интихоботи имсолаи президентии Амрико назар ба сиёсатмадорҳои матраҳ садои он довталабҳое баландтар аст, ки алайҳи элитаи сиёсиву молии имрӯзаи ин кишвар ҳарф мезананд, вале маъмулан то рӯзи интихобот касе сароҳатан гуфта наметавонад, ки баранда кист? Ба ин далел, танҳо баъди 8 ноябр маълум хоҳад шуд, ки раисиҷумҳури 58-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӣ хоҳад шуд?