Қарор аст, рӯзи 26 феврал додгоҳи 19-уми ҷиноии шаҳри Истамбул ҳукми Сулаймон Қаюмов - гумонбари асосӣ дар қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини “Гурӯҳи 24”-ро эълон бикунад. Манобеи огоҳ мегӯянд, ки ин қарорро додгоҳ рӯзи 16 феврал, баъди бозпурсии ду шоҳиди асосии қатли Қувватов, аз ҷумла Сӯҳроб Тӯраев, муҳофизи раҳбари пешини “Гурӯҳи 24” гирифта, дубора дар ин замина тағйироте ворид накардааст. Дар ин мурофиаи даҳ рӯзи пеш Сӯҳроб Тӯраев Сулаймон Қаюмовро мӯҳраи асосӣ дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Умаралӣ Қувватов номидааст.
Умаралӣ Қувватов шаби 5 марти соли 2015 баъд аз тарки манзили иҷораи Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва бо зарби як тири туфангча кушта шуд. Қувватов ҳамроҳ бо зану ду писараш он шаб барои як зиёфати шом ба манзили Қаюмов даъват шуда буд.
Сӯҳроб Тӯраев, ки ба ҳайси муҳофизи Қувватов ӯро он шаб ҳамроҳӣ мекард, дар мурофиаи рӯзи 16 феврал чигуна ба Истамбул омадану бо Қувватов ошноӣ пайдо кардани Қаюмов ва ҷузъиёти шаби сӯиқасдро нақл кардааст. Тӯраев гуфтааст, ки худи Қаюмов ба фарқ аз меҳмононаш он шаб аз ғизоҳои омодакардааш чизе ба даҳон набурд.
Сӯҳроб Тӯраев дар додгоҳ гуфтааст, ки ғизои таҳиякардаи Қаюмов заҳролуд буд, чунки баъди тановули ғизо дар манзили Қаюмов ӯ аз ҳуш рафт ва давоми қазияро зиёд дар ёд надорад. Вале ба гуфтаи Тӯраев, Қувватов ӯро такон додааст, ки “хез, инҳо моро куштанианд.” Баъди чанде садои дар меояд ва Тӯраев, тавре дар додгоҳ гуфт, мефаҳмад, ки Қувватов аз хона берун рафтааст. Вале баъди чанде Ҳусейн Ашӯров, муҳофизи дигари Қувватов, ӯро бедор мекунад ва хабар медиҳад, ки “Қувватовро куштанд.”
Намояндаи додситонии Истамбул рӯзи 16 феврал дар додгоҳи Истамбул фарзияи худро баён кардааст. Ба гуфтаи ӯ, 4 гумонбари дигар дар сӯиқасд ба ҷони раҳбари мухолифони тоҷик, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд, тавонистаанд аз Туркия фирор кунанд.
Сулаймон Қаюмов дар ҳоли ҳозир танҳо нафарест, ки бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Умаралӣ Қувватов дар Туркия дар боздошт боқӣ мондааст. Ӯ рӯзи 6 март, баъд аз кушта шудани Қувватов тавассути ҳавопаймо аз Истамбул ба Алма-Атои Қазоқистон парвоз кард, вале марзбонони қазоқ ӯро ба Туркия пас гардонданд. Наздикони ин сокини 32-солаи ноҳияи Восеъ нақши вайро дар сӯиқасд алайҳи Қувватов рад мекунанд ва мегӯянд, ки Сулаймон Қаюмов як соҳибкори оддӣ буд ва танҳо бо мақсади тиҷорат ба Туркия рафта буд.
Умаралӣ Қувватови 47-сола, як соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки гуфта мешавад, тиҷорати ширкатҳои бузурги “Тоҷирон” ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, дар соли 2012 тарки кишвар кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолиф ба ҳукумати Тоҷикистонро таъсис дод. Ӯ ва шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев, ки низ ҳамроҳи Қувватов аз Тоҷикистон рафт, Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ғасби тиҷораташон айбдор карданд.
Вале масъулони кунунии “Фароз” ва “Тоҷирон” иддаои Қувватов ва Гадоев дар бораи дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ин ширкатҳоро бепоя мехонанд. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ баъди фирори Қувватов ва Гадоев алайҳи онҳо бо иттиҳоми сирқати қариб 6 миллион сомонӣ пули ширкати “Фароз” парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳардуро аз тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд.
Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай – ва моҳи декабри соли 2014 – дар Истамбул бо дастури Интерпол дастгир шуд, вале дар ҳарду маврид дархости истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро рад карданд.
Дар пайи баргузории як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия ва даъвати мардум ба як намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти "Гурӯҳи 24"-и Қувватовро дар кишвар расман манъ ва онро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил кард.
Умаралӣ Қувватов қабл аз кушта шуданаш ҳамроҳ бо ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш дар Истамбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ ба сар мебурд. Танҳо баъди қатли ӯ ба зану фарзандонаш дар яке аз кишварҳои қораи Амрико мақоми паноҳанда доданд.