Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Муборакшоҳ вориди саҳна мешавад


Имомалишоҳ - писари овозхони равоншод Муборакшоҳ Мирзошоев низ роҳи падарро интихоб карда, ахиран як таронаи ӯро дар маҳфиле иҷро кард.

Имомалишоҳи Муборакшоҳ, фарзанди ҳунарманди зиндаёд Муборакшоҳ Мирзошоев пас аз 16 соли фавти падар рӯи саҳна таронаи ӯро иҷро кард. Ин дебюти Имомалишоҳ дар маҳфиле бо ҳузури ҳунармандони саршиноси кишвар буд, ки аз сӯи онҳо баҳои мусбат гирифт.

Имомалишоҳ замони фавти падар 3 сол дошт ва акнун ҷавони 19-сола аст. Хонаводаи Имомалишоҳ -- модар ва ду бародари бузург дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Аммо Имомалишоҳ мегӯяд, тасмими ҷиддӣ гирифтааст, ки пайроҳаи нотамоми падарро идома диҳад ва ин нахустин қадамҳои ӯ дар ин ҷода аст.

Аз падар ба Имомалишоҳ як гитор мерос мондааст, ки ӯ бо он тақрибан ҳамаи таронаҳои падарро месарояд. Нахустин бор Имомалишоҳ дар 16-солагӣ дар ёдбуди падараш дар Бадахшон рӯи саҳна омад ва таронаҳои падарро суруд.

Баъдан дар пайравӣ аз як таронаи падар, гурӯҳи ҳунарии “Чор ҷавон”-ро таъсис дод. Аммо ин гурӯҳ танҳо дар сатҳи маҳал ҳунарнамоӣ мекард. Дар пойтахт бо пуштибонии Сулаймон Ҷӯраев, продюссери ҷавон таронаҳои падарро бо шеваи касбӣ омода кард ва дар ниҳоят рӯи саҳна омад.

Имомалишоҳ бар изофаи оҳангу таронаҳои падар, чанд таронаи сохтаи худро дорад, ки аслан ба забони бадахшонӣ суруда шудаанд. Яке аз ин таронаҳои ӯ ба ёди модари муҳоҷираш аст, ки тақрибан се сол мешавад дидор накардаанд. Имомалишоҳ тасмим дорад, дар Рӯзи бонувон дар як маҳфили дигаре рӯи саҳна биёяд ва таронаҳои нави худро муаррифӣ кунад.

Писари Муборакшоҳ дар пайроҳаи нотамоми падар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:09 0:00

XS
SM
MD
LG