Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Умр"-и радио дар Тоҷикистон дароз аст?


Дар ҳоле ки дар пайи рушди сареъи Интернету телевизион радио дар бештари кишварҳои пешрафта мавқеи худро дар миёни расонаҳо аз даст додааст, дар Тоҷикистон ҷойгоҳи радио ҳамчун воситаи иттилоърасонӣ ҳанӯз побарҷост.

Дар Тоҷикистон ҷойгоҳи радио ҳамчун воситаи иттилоърасонӣ ҳанӯз боқист, хосатан дар деҳоти ин кишвар. Аз ҷумла, камбуди неруи барқ дар шаш моҳи фасли сармо низ "умр"-и радиоро дароз кардааст. Чунки ин воситаи ахбори электронӣ дар муқоиса бо телевизор бидуни барқ бо батареяҳо низ фаъол аст. Дар Душанбе низ мардум баробари итсифодаи васеъ аз интернету телевизор, аз радио ҳам зиёд истифода мекунанд. Махсусан, дар дохили нақлиёти мусофирбарӣ.

Давлат Алиев, ҷавони 21-солаи деҳаи Саркокули ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ба далели камбуди неруи барқ барои мардуми деҳаи Саркокул радио ягона манбаъи дастраси иттилорасонӣ маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи Давлат, мардуми ин деҳа бештар радиои “Садои Душанбе” ва “Тоҷикистон”-ро мешунаванд. Давлат мегӯяд, ҷавонони деҳаи онҳо дар бораи интернет зиёд тасаввурот надоранд ва тақрибан истифода намебаранд. Ҳамаги чанд хонаводаи деҳаи Саркокул аҳёнан тариқи батареяҳои офтобӣ ё акомулятор телевизор тамошо мекунанд.

Як моҳи ахир Давлат хабарҳоро тариқи радио бештар аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазирон шунидааст. Ӯ мегӯяд: “Як моҳи охир дар барномаҳои радиои бештар дар мавзӯй Пешвои миллат гуфта мешавад”.

Бобои Ҷӯрахон, сокини дигари 67-солаи деҳаи Саркокул мегӯяд, ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ ин деҳа хати барқ надошт ва сокинон тавассути радио аз хабарҳои олам огоҳ мешуданд. Ба гуфтаи бобои Ҷӯрахон ӯ аз кӯдакияш, ки бештар дунболи бузу гӯсфанд мегашт, ҳамеша бо худ радио дошт. То ҳоли ҳозир оилаи онҳо телевизор надоранд. Телевизорро танҳо дар хонаи хешу ақрабҳояшон соле ҳамаги як ё ду маротиба ҳангоми ба меҳмонӣ рафтан мебинанду халос. Бо ин вуҷуд ҳар ҳодисае, ки дар дохил ва хориҷи кишвар сар мезанад, онҳо огоҳанд. Ба қавли бобои Ҷӯрахон, онҳо бештар радиои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик” ва гоҳҳо “Садои Хуросон”-ро гӯш мекунанд. Мавзӯе, ки дар ин авохир дар радиоҳои тоҷикӣ бештар матраҳ гардидааст, бештар шудани шумораи ҷавонони ифротгаро будаанд: “Ҳамин лаҳзаҳо дар бораи тағйир додани Сарқонун дар “Садои Душанбе” баҳс рафта истодааст.”

Ҳарчанд дар деҳоти Тоҷикистон маъмулан мавҷҳои радиои “Тоҷикистон” ва “Садои Душанбе” дастрас аст, аммо соҳибназарон бар онанд, ин ду радио низ на дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон пахш мешавад.

Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири ҳафтаномаи “СССР”, мегӯяд, набуди радио дар минтақаҳои наздимарзӣ, ба хусус дар Хатлону Рашт боис шудааст, ки ҷавонон ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлатӣ Исломӣ" бипайванданд. Зеро дар ин минтақаҳои наздики марзи Афғонистон умдатан радиоҳои хориҷие пахш мешаванд, ки бештар зӯровариро таблиғ мекунанд. Зимнан, бино ба гузоришҳои расида аз Афғонистон гурӯҳи "Давлати исломӣ" мустақар дар ин кишвар барномаҳои радиоии худро рӯи мавҷҳои FM пахш мекунад.

Ба қавли ин журналисти тоҷик, дар самти радиошунавонӣ Тоҷикистон заъф дорад. Ба истиснои пойтахт ва чанд ноҳияи вилояти Суғд дигар дар ягон нуқтаи Тоҷикистон радиоҳои тоҷикӣ фаъол нестанд: “Чанд чиновнике, ки дар Душанбе истодаанд, парда бар рӯйи ҳукумат кашида, сарвари давлатро фиреб медиҳанд, ки дар минтақаҳо радио фаъол аст.”

Сайёфи Мизроб мегӯяд, агар Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонии кул мехоҳанд амнияти давлатро таъмин кунанд, радиоҳои тоҷикиро дар минтақаи наздимарзӣ бояд фаъол кунанд: “Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, раиси Иттифоқи журналистони минтақаи Кӯлоб беҳуда бонги изтироб назада буд, ки ҷавонони минтақа зери таъсири радиоҳои авғониву паштуние мондаанд, ки зӯроварӣ ва идеяҳои "Давлати Исломӣ"-ро таблиғ мекунанд.”

Дар Тоҷикистон бештар аз 15 радио фаъол аст, ки мавҷи аксарашон танҳо дар пойтахт ва навоҳии наздик ба он дастрас аст.

Зимнан, ҳамасола 13-уми феврал чун Рӯзи ҷаҳонии радио таҷлил мешавад. Ин таърих маҳз ба хотири он Рӯзи ҷаҳонии радио эълон шудааст, ки дар соли 1946 аввалин маротиба “Радиои Созмони Милали Муттаҳид” ба кор оғоз кард.

XS
SM
MD
LG