Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар сӯҳбаташ бо нашрияи олмонии Handelsblatt рӯзи 11 феврал аз имкони рӯ задани ҷанги нави ҷаҳонӣ ҳушдор додааст. Ӯ гуфтааст, ки "агар роҳи ҳалли бӯҳрони Сурия пайдо нашавад ва Амрикову кишварҳои Араб нерӯҳои заминии худро ба ин кишвар ворид кунанд, хатари даргириҳои доимӣ ва "ҷанги ҷаҳонӣ" пеш хоҳад омад".
Медведев афзудааст, ки Русия ва Амрико аз нуфузи худ ба ҷонибҳои даргир барои барқарории оташбас истифода кунанд. Ӯ таъкид кардааст, дар сурати оғози амалиёти заминии Арабистони Саудӣ ба раҳбарии Амрико дар Сурия даргириҳо дар ин кишварро ба мисли Афғонистон доимӣ хоҳад кард.
Нахуствазири Русия мегӯяд, Амрико ва кишварҳои Араб қабл аз даргир шудан дар мухолифатҳои Сурия бояд барои ёфтани роҳҳои ҳалли сулҳомези ин қазия аз тариқи музокирот талош кунанд. Дар моҳи сентябри соли гузашта ҳавопаймоҳои Русия ба манзури кумак ба нерӯҳои Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ба бомбаборони мавзеъҳои мухолифони Асад шурӯъ карданд. Эътилофи ба раҳбарии Амрико низ дар бомбаборони Сурия иштирко доранд.