Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо таҳдид ба ҷанги Сурия. "Ливои Фотимиён" зидди сунниҳо меҷангад?


Human Rights Watch мегӯяд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳазорон афғони муқими кишварро ба сафи гурӯҳҳои шибҳанизомиёни пуштибон аз режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ҷалб кардааст

Бино ба гузориши созмон дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch , ки рӯзи 29 январ нашр шуд, ба муҳоҷирони афғони муқими Эрон барои ширкат дар ҷангҳои Сурия аз тарафи ҳукумати Димишқ баъзе имтиёзҳо пешниҳод шудаанд.

Питер Бухард, масъули масоили фаврии Ҳуман Райтс Вотч, мегӯяд, Эрон на фақат ба афғонҳои муҳоҷир ба хотири ширкаташон дар ҷанги Сурия имтиёзҳо пешниҳод кардааст, балки ба баъзеи онҳо таҳдид намудааст, ки дар сурати сарпечӣ аз ин пешниҳод онҳоро аз Эрон берун хоҳанд кард.

Human Rights Watch навиштааст, ки мақоми ғайрирасмӣ ва тарси ихроҷ аз Эрон афғонҳоро маҷбур месозад, ки пешниҳоди ширкат дар ҷангҳои Сурияро қабул кунанд.

Теъдоде аз мардону ҷавонони афғон, ки мавриди таҳдид қарор доштанд, маҷбур шудаанд аз Эрон фирор кунанд ва дар талоши дарёфти сарпаноҳ дар Аврупо шаванд, меафзояд Питер Бухард.

Як қароргоҳи паноҳандагони афғон дар Эрон
Як қароргоҳи паноҳандагони афғон дар Эрон

Эрон мегӯяд, Ливои Фотимиён аз он шаҳрвандони афғон таъсис шудааст, ки довталаби ҳифозат аз амокини шиаҳо дар Ироқ ва Сурия алайҳи тундравоне чун гурӯҳи “Давлати исломӣ”-янд. Ливои Фотимиён ба номи духтари Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки мазораш дар Димишқ қарор дорад ва ин гурӯҳ аз сӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳимоят мешавад.

Беш аз даҳ тан аз афғонҳое, ки бо созмони Ҳуман Райтс Вотч сӯҳбат кардаанд, аз сӯи мақомоти Эрон ба ҷанги Сурия ҷалб шудани хешовандонашонро тасдиқ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, афғонҳо дар манотиқи гуногуни Сурия – Димишқ, Ҳалаб, Ҳамс, Ҳамо ва теппаҳои Ҷолан, ки бо Исроил ҳаммарз аст, меҷанганд.

Ҳукумати Афғонистон рӯзи 30 январ эълом дошт, ки ин мавзӯъро таҳқиқ мекунад. Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ доранд ва аммо онҳо бояд далелу шаҳодати ин амали мақомоти эрониро дастрас кунанд. Ба дипломатҳои афғон дар сафоратхонаҳо супориш дода шудааст, ки агар далели мушаххас ба даст меоваранд, онро дар зудтарин фурсат дар ихтиёри вазорати умури хориҷа гузоранд, гуфт ӯ.

Шукрия Борикзай
Шукрия Борикзай

Шукрия Борикзай, сиёсатмадори афғон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба иттилои расмӣ дар Эрон якуним миллион афғонҳо ба сар мебаранд. Солҳои аввал онҳо аз ҳуқуқҳои оддитарин, аз ҷумла, дастрасӣ ба таълим, бархӯрдор набуданд ва имрӯз ҳам кӯдакони афғон фақат бо пардохти маблағе метавонанд ба мактаб раванд.

Тайи ин солҳо мавзӯи эъдоми афғонҳо бо ҷурмҳои гуногун ҳам мавриди баҳс қарор дошт ва ҳукумати Кобул, чун бонӣ ва ҳомии ҳуқуқи афғонҳо борҳо аз Теҳрон тақозо кард, ки афғонҳо набояд ноҳақ қурбонии хушунатҳо шаванд, мегӯяд хонум Борикзай. Ӯ меафзояд, воқеъан сару садоҳое низ ҳастанд, ки аз афғонҳои муқими Эрон ба ҳайси абзор дар ҷанги Сурия истифода мешавад.

Зимнан, мақомоти Эрон ҳузури низомиёни худ дар Сурияро рад мекунанд ва мегӯянд, ки афсарони баландпояи кишвар фақат ба ҳайси мушовир дар он кишвар ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG