Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 январ тағйироти кадрӣ анҷом дода, афроди тозатаъинро "ба кору хидмати софдилона ба манфиати халқу Ватан" даъват кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, бар асоси ин тағйирот Маҳмадалӣ Ватанзода ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи раисиҷумҳур дар Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъин шудааст. Ватанзода то ин дам вакили парлумон буд ва дар гузашта ба ҳайси муовини раиси Додгоҳи олӣ низ кор кардааст.
Эркинхон Раҳматулло ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури робитаҳои хориҷӣ аз мақомаш барканор ва сафири кишвар дар Белгия, намояндаи доимӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО таъин гардидааст. Ӯ дар ин мақом Рустамҷон Солиевро иваз кард.
Аъзамшо Шарифӣ аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ озод ва ба вазифаи ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин карда шуд.
Маликшоҳ Неъматов, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори кишвар Полша (Лаҳистон) таъин гардид. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтор дар Эфиопия таъин карда шуд.
Махфират Хидирзода аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила озод ва дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардидааст. Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон озод шуда ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин гардидааст. Ҳоло Маҳмадулло Раҷабзода ректори нави Донишкадаи давлатии забонҳо таъин шуд.
Ҳамчунин Рустам Вализода муовини вазири нақлиёт, Исматулло Абдуллозода директори "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва Хайрулло Раҳимов директори генералии "Тоҷик Эйр" таъин гардида, Рустам Холиқов аз вазифаҳои директори генералии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва директори генералии "Тоҷик Эйр" озод карда шудааст.
Имрӯз Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазир, Ситора Шерзода - муовини раиси вилояти Хатлон ва Эркин Қосимов сафири Тоҷикистон дар Бритониё ба далели расидан ба синни нафақа аз мақомҳояшон барканор гардиданд.