Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мақомот пеш аз тамринҳо сокинонро огоҳ кунанд"


Чораҳои амниятие, ки мардумро тарсонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Дар ҳоле ки сокинон се рӯз боз дар бораи чораҳои шадиди амниятии рӯзи якшанбе суҳбат мекунанд, мақомот мегӯянд, ки ҷои нигаронӣ надорад ва ҳадаф аз он танҳо санҷиши нерӯи ҳайати шахсӣ буд.

Сокинони Тоҷикистон то ҳол аз сахттар шудани чораҳои амниятӣ дар саросари кишвар дар се рӯзи пеш сахт нигаронанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ки ин санҷиши омодабоши мақомоти қудратӣ ба ҳолатҳои изтирории таъмини амният мебошад, мардум мегӯянд, ки мақомот бояд онҳоро қабл аз баргузории чунин тамринҳо огоҳ кунанд.

Шаҳноза, яке аз мусоҳибони Озодӣ гуфт, якбора пур шудани милисаҳо ва гурӯҳи зудамал дар хиёбонҳои Душанбе волидони ӯро, ки дар музофот ба сар мебаранд, сахт ба таҳлука андохтааст. "Ман донишҷӯ ҳастам ва вақте сабаби зиёд шудани намояндагони мақомоти қудратӣ дар кӯчаҳоро ба волидонам гуфта натавонистам, онҳо хавотир шуданд. Беист ба ман занг мезананд," -- мегӯяд Шаҳноза.

Ба қавли мусоҳиби мо, мақомотро зарур аст, ки барои ба таҳлука наафтодани мардум замони гузарондани машқҳои низомии худро тавассути васоити ахбори омма қаблан эълон кунанд. Зеро ноогоҳӣ аз вазъият дар ҷомеа боис ба пайдо шудани фарзияҳои гуногун гашт. Фирори гуруҳи “Алфа” дар Бадахшон, куштори чанд милиса дар яке аз ноҳияҳо ва исён дар маҳбас аз ҷумлаи овозаҳое буданд, ки мардумро дар ду рӯзи охир хавотир намуд.

Музаффар Олимов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба вақти тафтиш ва ё нигаҳ доштани мошинҳо афроди масъулро зарур аст, ки мақсади тафтишро ба таври дақиқ бифаҳмонанд, дар акси ҳол чунин амал боиси сӯитафоҳумҳо мешавад. “Хуб мешуд, агар як соат пас аз шурӯи тамрин тавассути телевизион масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мардумро дар ҷараён мегузоштанд. Яъне корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ҳатман ҷо дошта бошад,” – мегӯяд ӯ.

Набӣ Юсупов, раҳбари “Медиа консалтинг” бар ин аст, ки чунин тамрин метавонист бо ду ҳадаф анҷом шавад: “Масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехостанд аз ин тариқ ҳам омодабошии нерӯҳои интизомиро барои ҳолтаҳои изтирорӣ бисанҷанд ва аз сӯи дигар вокуниши мардумро ба ин ҳолат биомӯзанд.”

Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чораҳои шадиди амниятӣ дар рӯзи якшанбе дар пойтахт ва манотиқи дигари кишварро танҳо санҷиши нерӯи ҳайатҳо дониста, аз сокинон хостанд, ки дар ин замина нигарон набошанд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии 25 январаш гуфт, ки “ин танҳо як тамрин буд. Ягон асос барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Чунки ин вобаста ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ аст ва бояд мақомоти қудратӣ ба ҳамагуна вазъият омода бошанд.”

Субҳи якшанбеи 24 январ дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон чораҳои сахти амниятӣ рӯи даст гирифта шуд. Дар пойтахт кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар назди биноҳои муҳими давлатӣ ва ҷодаҳои пуриздиҳом, назар ба рӯзҳои гузашта бештар ба назар мерасиданд.

Бори охир чунин тадобири шадиди амниятӣ моҳи сентябри соли гузашта пас аз ҳамла дар остонаи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон ва идомаи амалиёт бар зидди ӯ дар дараи Ромит дар канори шаҳри Душанбе, рӯи даст гирифта шуда буд.

XS
SM
MD
LG