Абдулло Ҳабибов, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз судури қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе дар мавриди аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданаш ҳудуди се ҳафта мегузарад, аммо ҳанӯз мақомот иҷозаи дубораи сохтмони масҷиди панҷвақтаи ӯро надодаанд.
Додгоҳи Душанбе дар охири моҳи декабри соли гузашта баррасии қазияи генерал Ҳабибовро, ки аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои ғасби замин муттаҳам мешуд, қатъ ва худи генералро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард.
Абдулло Ҳабибов рӯзи 19 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аз хомӯшии мақомот дар мавриди оғози дубораи сохтмони масҷиди панҷвақта дар маҳаллаи "Автовокзал"-и пойтахт дар ҳайрат аст ва аммо талош хоҳад кард, ки сохмтони масҷидро ба поён бирасонад. Ӯ гуфт, дар вақти сохтмони масҷид ба ҳеч амали ғайриқонунӣ роҳ надодааст ва набояд мақомот дар анҷоми бунёди ин масҷид мушкил эҷод кунанд.
Абдулло Ҳабибов мегӯяд, то кунун 90 дарсад аз корҳои сохтмонии масҷидаш ба анҷом расидааст. "Ман барои давлати Тоҷикистон хизмат кардаам ва дар рӯзҳое иҷрои вазифа мекардам, ки вазъи ноамну ноором ҳукмфармо буд. Мо ҳанӯз дар он рӯзҳои ҳассос дар канори президент будем ва барои оромию субот талош мекардем. Барои ба даст овардани ҷомеаи орому босубот саҳми ман ҳамчун генерали вазорати дифоъ ҳаст ва то ҳол пуштибони як ҷомеаи қонунманду амн ҳастам," -- гуфт ӯ.
Генерал Ҳабибов мегӯяд, ҳеч интизор надошт, ки мақомоти интизомӣ вориди ҷараёни сохтмони масҷиди ӯ шуда, алайҳаш парванда боз мекунанд. Вай афзуд, зоҳиран чанд изҳори назараш дар ҳафтаномаҳои "Азия-Плюс" ва "Нигоҳ" дар бораи вазъи кишвар ба мақомот "нафоридааст".
"Баъди як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ, ки дар он ҷо аз оғози масҷиди панвақта ҳарф задам, маро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карда ва гуфтанд, ки мақсад аз сохтмони ин масҷид чӣ аст? Бо ҳамин қазияи масҷид оғоз шуд ва сохмтони онро боздоштанд," -- мегӯяд Ҳабибов
Ӯ афзуд, баъди ин чандин бор ба бахшҳои амнияти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино барои сохтмони ин масҷид даъват шудааст. "Чанд рӯз пеш ҳам боз аз амнияти шаҳр гуфтанд, ки биёед маслиҳат кунем. Ман чӣ маслиҳат кунам? Дар ҳоле ки бар асоси қонун амал кардаам," -- гуфт ӯ.
Баррасии парвандаи Абдулло Ҳабибов рӯзи 28 декабри соли гузашта паси дарҳои баста дар Додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз ёфта ва 30 декабр ба анҷом расид. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ба далели ин ки ғасби замин аз сӯи Абдулло Ҳабибов дар соли 2013 сурат гирифтааст, ин парванда шомили қонуни афв шуда ва худи ӯ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод аст.
Ин парвандаи Ҳабибов аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои "худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он" боз шуда буд. Додгоҳи шаҳри Душабе гуфт, аз рӯи сохтмони ин масҷид, инчунин, як гурӯҳ аз сокинони шаҳраки 83-юми ноҳияи Сино ва омӯзгорони мактаби рақами 92-и пойтахт шикоят кардаанд.