Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: Мақомот аз исёни Назарзода пешгирӣ карда натавонистанд


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, Ҳизби наҳзатро ба тарҳрезии шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кард.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, Ҳизби наҳзатро ба тарҳрезии шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кард.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мақомоти интизомии кишварро ба "камбудӣ" айбдор кард ва гуфт, ки онҳо натавонистанд аз ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода ҷилавгирӣ кунанд.

Шермаҳмади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 18 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки мақомот натавонистаанд аз вуқӯи ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 пешгирӣ кунанд. Шоҳиён мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро ба "камбудӣ" муттаҳам кард ва гуфт, тарҳи ин исён панҷ сол рехта шудааст.

"Ҳукумати Тоҷикистон алайҳи масъулони ниҳодҳои қудратӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ саҳлангорӣ карданд, чораҳои интизомӣ андешидааст," -- илова кард ӯ.

Раиси Додгоҳи олӣ, инчунин, гуфт, дар ҷараёни бозрасии парвандаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ширкати бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ ва фаъолони дигари ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ин исён рӯшан шудааст. Ба қавли Шоҳиён, аз ҷумла, раҳбари ҲНИТ исёни генерал Назарзодаро сармоягузорӣ кардааст.

Додгоҳи олӣ: Мақомот аз исёни Назарзода пешгирӣ карда натавонистанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Ӯ гуфт, феълан парвандаи генерал Абдуҳалим Назарзода барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ворид шуда, дар Додситони кулли ин кишвар бозрасии парвандаи фаъолони ҲНИТ идома дорад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри соли 2015 дар пайи фурӯ нишондани ошӯби мусаллаҳонаи рӯзҳои 4 - 16 сентябр, фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро манъ ва ин ҳизби мухолифро ба рӯйхати созмонҳои ифротиву террористӣ шомил кард. Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта ва беш аз 150 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб дастгир шуданд.

Дар робита ба ин ошӯб, бино ба ҳисоби Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико, ҳудуди 200 нафар аз аъзои ҲНИТ дастгир шудаанд.

Муҳиддин Кабирӣ ва дигар намояндагони ҳизби ӯ ҳар навъ даст доштанашон дар ошӯби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ин ошӯб барои мақомот баҳонае барои бастани ҲНИТ шуд.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарияш ҳамчунин гуфт, шумораи арзу шикоят ва эътирози шаҳрвандон ба Суди олӣ дар соли 2015 ба 2655 адад расидааст, ки нисбат ба соли 2014, 305 маврид бештар аст. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2015 Додгоҳи олӣ 12 нафарро бо далели даст доштан ба ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ маҳкум кардааст.

Дар мавриди 12 нафар дар соли гузашта ҳукми сафед эълон шудаааст, ки ин дар қиёс ба соли 2014 чор ҳолат камтар аст.

XS
SM
MD
LG