Дафтари матбуоти Вазорати дифоъ дар як иттилоия навиштааст, ки ин вулусволӣ дар натиҷаи амалиёти поксозии неруҳои афғон ба таври комил ба тасарруфи давлат даромадааст.
Дар ин иттилоия омадааст, дар ҷараёни ин амалиёт 30 мухолифи мусаллаҳ кушта шуда ва 9 нафари дигар бо як миқдор аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ба дасти неруҳои давлати Афғонистон афтодаанд.
Дар иттилоия таъкид шудааст, дар даргириҳо як сарбози афғон кушта ва 2 тани дигар захмӣ шудаанд. То ҳол амалиёти поксозӣ дар минтақа идома дорад.
Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди мусаллаҳи Толибон аз маҳал фарор кардаанд.
Маркази вулусволии Дарқад дар марзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон, аз авохири моҳи октбяри соли гузашта таҳти назорати Толибон қарор дорад. Толибон Дарқад ва Хоҷағорро 28 октябр замоне зери тасарруфи худ дароварданд, ки дар пайи фишорҳои нерӯҳои давлатӣ маҷбур шуда буданд минтақаи Дашти Арчӣ дар вилояти ҳамсояи Кундузро тарк кунанд.
Дарқад бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҷангҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ба Толибон ҷангиён аз созмонҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, ки қасди густариши фаъолиятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, низ ҳамроҳ шудаанд. Мақомоти Тахор қаблан гуфта буданд, ки шадидтарин муқовиматро маҳз ҷангиёни тоҷику узбак нишон медиҳанд.