Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарибашвили курсиашро довталабона супурд, ё маҷбурӣ?


Ираклий Ғарибашвили (аз чап) ва Георгий Квирикашвили (дар марказ)
Ираклий Ғарибашвили (аз чап) ва Георгий Квирикашвили (дар марказ)

Баъд аз ду рӯзи истеъфои Ираклий Ғарибашвили эътилофи ҳокими Гурҷистон Георгий Квирикашвилиро ба мақоми сарвазири Гурҷистон пешбарӣ кард.

Эътилофи ҳокими Гурҷистон рӯзи 25 декабр эълон кард, ки вазири корҳои хориҷии он кишвар Георгий Квирикашвилиро ба мақоми сарвазири кишвар пешбарӣ мекунад.

Рӯзи 23 декабр нахуствазири Гурҷистон Ираклий Ғарибашвили бидуни овардани кадом сабаб эълон кард, ки вазифаашро канор гузоштааст. Шореҳон дар бораи истеъфои ғайриинтизори ӯ тафсири зиёд пеш овардаанд. Аз ҷумла, рафтани Ғарибашвилиро асосан ба беқурбшавии пули миллӣ дар давоми 13 моҳи гузашта, беэътиборшавии эътилофи ҳокими "Орзуи гурҷӣ" ва равобити сард бо раиси ҷумҳури он кишвар Георгий Маргвелашвили иртибот медиҳанд.

Бар асоси қонунҳои Гурҷистон барои тасдиқи номзадии Квирикашвили дар парламент пуштибонии ҳадди ақалл 75 вакили мардумӣ кифоят мекунад. Эътилофи ҳокими "Орзуи гурҷӣ" 87 курсӣ дар ихтиёр дорад. Аз ин рӯ, эҳтимол тасдиқи Квирикашвили бидуни мушкиле сурат гирад.

Сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат бовар доранд, ки сарвазири пешин, асосгузори эътилофи ҳоким ва сармоядори маъруф Бидзина Иванишвили Ғарибашвилиро ба истеъфо водор кардааст. Иванишвили дар моҳи октябри соли 2012, баъди пирӯзии ҷунбиши "Орзуи гурҷӣ" сарвазири Гурҷистон интихоб шуда, дар моҳи ноябри соли 2013 аз ин мансаб истеъфо дод, аммо бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳанӯз ҳам ӯ аз пушти парда ҳукмрониашро идома медиҳад.

Давид Дарчиашвили, узви собиқи эътилофи ҳокими Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ, мегӯяд, истеъфои Гарибашвили шаҳодати он аст, ки дар Гурҷистон раҳбари ғайрирасмӣ вуҷуд дорад. Раиси пешини парлумони Гурҷистон Нино Бурҷанадзе, ки ҳоло раҳбари ҷунбиши Гурҷистони муттаҳид аст, мегӯяд, ки касе ба истеъфои довталабонаи Гарбиашвили бовар надорад.

Воқеан, ду рӯз пеш аз истеъфо Ғарибашвили кори сесолаашро натиҷагирӣ карда, ислоҳоти бомуваффақият дар вазорати корҳои дохилӣ, идораи додситонӣ ва истиқлоли додгоҳҳоро мисол овард.

Рӯзи сешанбе овозаҳо дар бораи истеъфои Ғарибашвили рӯ заданд, вале дар оғоз дафтари президенти Гурҷистон ин овозаҳоро рад кард. Баъдан дар паёми телевизионӣ Ираклий Ғарбиашвили гуфт, ки қарори истеъфоро худаш қабул кардааст. Ӯ афзуд, ки хидмат ба ватан вазифаи шарафмандона аст ва ӯ ҳамоно сарбози ватан боқӣ мемонад.

Соли равон афзоиши тавлиди нохолиси милии Гурҷистон мебоист 5 дарсадро ташкил кунад, аммо бар асоси омори мавҷуда ин рақам ҳамагӣ ба 2,8 дарсад баробар будааст. Аз моҳи сентябри соли 2014 то моҳи сентябри соли 2015 қурби лари - пули миллии Гурҷистон дар муқобили доллари Амрико 37 дарсади қурбашро аз даст дод.

Ба қавли вазири собиқи дифои Гурҷистон Ираклий Алазания, ки ҳоло сарварии ҷунбиши мухолифи Демократҳои озодро бар дӯш дорад, сабаби тамоми нокомиҳои ҳукумат пешбарии афроди беҳушу бетасаввур ба вазифаҳои ҳалкунандаи давлатӣ будааст. Алазания меафзояд, ин мақомдорон ваъдаҳои пешазинтихоботии эътилофи ҳокимро иҷро накардаанд.

Институти миллии демократии Амрико бо ишора ба як пажӯҳишаш навиштааст, ки агар интихоботи парлумонии Гурҷистон фардо барпо шавад, эътилофи ҳокими “Орзуи гурҷӣ” 18 дарсад, Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ 12 дарсад ва ҷунбиши Демократҳои озоди Алазания 7 дарсади овози раъйдиҳандагонро касб хоҳанд кард. Аммо файласуфи гурҷӣ Заза Пиралишвили тахмин мезанад, ки дар интихоботи моҳи октябри соли 2016 нерӯҳои нав рӯи кор омада, на “Орзуи гурҷӣ” ва на Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ, яъне на эътилофи феълии ҳоким ва на эътилофи ҳоким дар гузашта нақши асосӣ нахоҳанд бозид.

Сарвазири Гурҷистон Ираклий Ғарибашвили ба истеъфо рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

XS
SM
MD
LG