Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳамкориҳояшро бо Осиёи Миёна густариш медиҳад


Дэниэл Розенблюм, ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ
Дэниэл Розенблюм, ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ

Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки ин кишвар дар садад аст соли оянда дар чорчӯби формати “5+1” ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсеа бахшад.

Дэниэл Розенблюм, ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки ин кишвар дар садад аст дар соли оянда дар чорчӯби формати “5+1” ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсеа бидиҳад.

Ҷаноби Розенблюм гуфтааст, дар назар аст дар ҷараёни дидор бо мақомоти Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон масоили амнияту суботи минтақа ва тавсеъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд матраҳ шавад. Ҳамчунин, ба гуфтаи ин намояндаи воломақоми Вазорати хориҷаи Амрико, ИМА қасд дорад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯъи муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароиро баррасӣ кунад.

Дэниэл Розенблюм гуфтааст, Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди роҳҳои ҷалби сокинони минтақа ба ҷиҳод дар Сурия ва Ироқ ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои байналмилалии террорист табодули маълумот хоҳад кард.

Зимнан, ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар шакли нави “5+1” дар моҳи сентябр дар шаҳри Ню-Йорк таъсис ёфт. Дар авоили моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд нишасти Ҷон Керрӣ, Котиби давлатии Амрико бо вазирони хориҷии Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар чунин формат баргузор шуд.

Дар эъломияи ниҳоии ин нишаст тааҳҳуди ин вазирон ба ҳалли масоили доғи минтақа – аз беҳбуди ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масоили энержӣ, тиҷорат ва транзити молу коло, то чолишҳои зистмуҳитиву амниятӣ, аз мубориза бо терроризму кумак ба пешрафти Афғонистон то ҳимояти ҳуқуқи башар ва тақвияти ниҳодҳои демокративу ҷомиаи шаҳрвандӣ зикр шудаанд.

Як дипломати баландпояи Амрико сафари вазири хориҷаи ин кишвар Ҷон Керри ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказиро “аломати рӯшан”-и талошҳои Вошингтон барои таҳкими равобиташ бо кишварҳои пасошӯравии ин қаламрав унвон карда буд. Ниша Десаи Бисвол, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ба маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” гуфт, ки Керри “равобити дуҷонибаи мо бо ҳар яке аз 5 кишвари минтақаро таҳким бахшида ва ҳамкории бесобиқаеро ба роҳ андохт.”

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳар сурат, доираҳои ҳокими Осиёи Марказӣ бахусус дар пасманзари ҳаводиси Украина, ки Русия вилояти Қримашро дар соли 2014 тасарруф кард, ба Ғарб ва бавижа ба Амрико ҳамчун ба қудрате умед мебанданд, ки метавонанд тавозунро дар муқобили нуфузҷӯиҳои қудратҳои дигар, бавижа Русияву Чин, нигоҳ бидоранд.

Онҳо маҷбуранд ҳузури Маскавро дар ин арса истиқбол кунанд ва ба далели набуди манобеи дигар дасти дарози ёриҳои иқтисодии Пекинро низ бипазиранд, вале дар айни замон дарҳои худро ба рӯи марказҳои дигари қудратманд, ба мисли Брюссел ва Вошингтон низ бастанӣ нестанд. Ва аммо ҳар кадоме аз ин кишварҳо умедворанд, ки Аврупо ё Амрико ба инҷо дасти холӣ нахоҳад омад.

Ҷон Керрӣ, Котиби давлатии Амрико зимни дидор аз Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварашро барои ҳамкорӣ дар бахши амниятӣ, аз ҷумла, муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгаройӣ, бахусус, муқобила бо таҳдидҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” иброз дошт.

Тоҷикистону Амрико дар ростои ҳамкориҳои амниятию низомӣ барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ” ва ғайраро рӯи даст гирифтаанд.

Амрико соли 1992, дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Мароказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард. Вошингтон дар ин муддат танҳо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои аксаран билоиваз расондааст.

Душанбе ҳамин тавр, аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ки саҳми асосиро дар онҳо Амрикову муттаҳидонаш доранд, беш аз 1 миллиард доллари дигар қарзҳои боимтиёз ва ёриҳои билоиваз дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG