Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургмеҳр Ёров ба тундгароӣ муттаҳам шуд


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Мақомоти тафтишотӣ вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, “созмон додани иттиҳоди экстремистӣ в ва даъвати оммавӣ барои тундгароӣ” айбдор кардаанд.

Мақомоти тафтишотии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, “созмон додани иттиҳоди экстремистӣ в ва даъвати оммавӣ барои тундгароӣ” айбдор кардаанд.

Қаблан вазорати умури дохилии Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёровро ба "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" муттаҳам карда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи боздоштшуда, рӯзи 22 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти тафтишотӣ бо моддаи марбут ба “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳоиахбори омма анҷом дода шуда бошад” айб эълон кардаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Бузургмеҳр Ёров дар боздоштгоҳ дар мулоқот бо онҳо гуфтааст, ки ин айбномаҳо асосе надоранд, чунки вай як вакили мудофеъ буда ва ба амалҳои тундгароиву даъватҳои оммавӣ ҳеҷ гоҳ даст назадааст.

Аммо мақомоти тафтишотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дафтари матбуоти ин вазорат дар робита ба айбномаи нав алайҳи Бузургмеҳр Ёров бино бар махфӣ будани парванда шарҳе надоданд.

Як муфаттиши ин парванда зикр кард, ки то анҷоми пурраи парванда ҳеҷ гуна шарҳе нахоҳанд дод.

Кормандони пулис тақрибан соати 10-и рӯзи 28 сентябр ба дафтари “Сипар” ворид шуда, санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бурда ва аз вакили мудофеъ даъват карданд, ки ба барои пурсиш ба вазорат ҳозир шавад.

Рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ вазорати умури дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Ёров бо иттиҳоми "бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсус", “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG