Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: Мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба эътилофи исломӣ матраҳ нест


Тоҷикистон масъалаи шомил шудан ба Эътилофи исломиро баррасӣ накардааст
Тоҷикистон масъалаи шомил шудан ба Эътилофи исломиро баррасӣ накардааст

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, Душанбе то ҳол масъалаи шомил шудан ба эътилофи кишварҳои исломӣ ба раҳбарии Арабистони Саудиро баррасӣ накардааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки ҳанӯз ин кишвар масъалаи шомил шудан ба эътилофи кишварҳои исломӣ ба раҳбарии Арабистони Саудиро баррасӣ накардааст.

Масъулони дафтари матбуъоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 22 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “феълан давлати Тоҷикистон пешниҳоди Арабистони Саудиро дар ин замина мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода ва баъдан дар ин бора тасмим хоҳад гирифт”.

Рӯзи 21 декабр рӯзномаи арабии “Аш-Шарқ ал-Авсат” аз қавли Аъзамшо Латифзода, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ навишта буд, “ин кишвар мавзӯъи шомил шудан ба эътилофи исломиро баррасӣ мекунад”.

Ҳамчунин, ҷаноби Латифзода гуфтааст, дар назар аст, дар моҳи оянда Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз Арабистони Саудӣ дидор карда ва зимни мулоқот Салмон бин Абдул Азиз Ал-Сауд, малики ин кишвар дар канори мубориза муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ мавзӯъи пайвастани Душанбе ба эътилофи исломӣ барои мубориза бо терроризмро баррасӣ хоҳад кард.

Рӯзи 15 декабр Арабистони Саудӣ эълом кард, якҷо бо 34 кишвари исломӣ, "эътилоф алайҳи терроризм" ташкил медиҳад ва маркази фармондеҳии он дар шаҳри Риёз хоҳад буд. Ба ҷуз кишварҳои арабӣ монанди Миср, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва аксари кишварҳои ҷануби Халиҷи Форс, бархе аз кишварҳои африқоӣ монанди Сомалия, Гения, кишварҳои осиёӣ монанди Покистон, Малайзия ва Туркия дар ин "эътилоф" ҳузур доранд. Аммо бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Ироқ, Алҷазоир, Аммон, Эрон ва кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Миёна дар байни ин кишварҳо нестанд. Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки ин пешниҳоди Риёзро баррасӣ мекунад.

Хабаргузориҳо аз қавли вазири дифои Саудӣ Муҳаммад бин Салмон навиштанд, ки ин эътилоф барои мубориза бо терроризм дар Ироқ, Сурия, Либия, Миср ва Афғонистон иқдом хоҳад кард. Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, вазири дифои Арабистон рӯзи 15 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки "аксари кишварҳои исломӣ дар ин эътилоф якҷо шудаанд, то терроризмро саркӯб кунанд."

Саудӣ Муҳаммад бин Салмон гуфтааст: "Кишварҳое, ки имрӯз аз терроризм осеб дидаанд, ба таври мисол Сурия,Ироқ, Миср, Яман, Либия, Нигерия, Покистон ва Афғонистон, ки ниёз аст алайҳи фаъолиятҳои террористӣ дар ин кишварҳо иқдомоти ҷиддӣ анҷом шавад. Ин эътилоф низ ба ҳамин ҳадаф ташкил шудааст."

XS
SM
MD
LG