Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳокими Самарқанд: “Соли Навро дар хонаатон ҷашн гиред”


Ҳокими вилояти Самарқанд аз мардуми маҳаллӣ хост, ки шаби Соли Нав “дар ба дар нагарданд” ва идро дар манзилҳояшон ҷашн бигиранд.

Бо дастури ҳокими вилояти Самарқанд Зойир Мирзоев 31 декабр дари ҳама тарабхонаву ошхона ва барҳои шаҳр баста хоҳад буд. Рӯзҳои дигар бояд ҳама чорабиниҳои оммавӣ дар тарабхонаҳо фақат то соати 11-и шаб идома кунанд.

Ба навиштаи нашрияи шаҳрии “Самаркандский вестник”, дар ин бора ҳокими вилоят Зойир Мирзоев дар як ҷаласа бахшида ба омодагиҳо ба Соли Нав дастур дод. Ӯ гуфтааст, ки Соли Нав иди оилавист ва аз ин рӯ онро мардум бояд дар ҳалқаи хонаводаи худ ҷашн бигиранд.

Мақомоти вилояти Самарқанд ба тарабхонаву дискотекаҳои шаҳр тавсия додаанд, ки шурӯъ аз соли нав теъдоди меҳмононашон аз 400 нафар бештар набошад ва кори худро бояд соати 11-и шаб қатъ кунанд.

Корманди яке аз тарабхонаҳои Самарқанд дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ таъийд кард, ки онҳо дастури ҳукмати вилоятро дарёфт кардаанд. “Бале, мо рӯзи 31 декабр кор намекунем. Он рӯз тарабхонаи мо баста аст. Аммо он рӯз то соати 16-и баъд аз зӯҳр бо дархости мардум барои онҳо таомҳову хӯришҳои гуногун тайёр мекунем”, гуфт ӯ.

Соҳиби як тарабхонаи ин шаҳри бостонӣ бидуни ифшои ному насабаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин дастур ё амри ҳукумати вилоят дахолати мустақим ба тиҷорат аст. "Рӯзи 31 декабри соли гузашта мо хело хуб кор кардем ва мардуми зиёде ба тарабхонаи мо омада буданд", афзуд ӯ. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, одамҳо бояд интихоб дошта бошанд, ки идро дар хона таҷлил кунанд ё на тарабхона ва ин ҳаққи онҳоро поймол кардан кори дуруст нест.

Ҳокими вилояти Самарқанд ҳамчунин амр кардааст, ки аз ҳисоби кормандони ҳифзи тартибот ва созмонҳои ҷамъиятӣ гурӯҳҳои махсус ташкил шаванд ва иҷрои дастурашро дар ҷойҳои таҷаммӯъи одамон назорат кунанд.

Дар ҳукумати вилояти Самарқанд аз шарҳи дастури ҳоким дар бораи маҳдудиятҳо дар таҷлили Соли Нав сарпечӣ карданд.

Солҳои ахир дар Узбакистон монеъгузорӣ ва маҳдудиятҳо дар таҷлили чорабиниҳои оммавӣ ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Чанд сол боз хатмкунандагони мактабҳо аз имкони ҷашн гирифтани “занги охир” дар тарабхонаву ошхонаҳо маҳруманд. Моҳи Рамазони имсол мақомоти кишвар баргузории ифтори дастаҷамъона дар масҷиду ҷойҳои ҷамъиятиро манъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG