Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳами сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ 18 сол зиндонӣ шуд


Обидхон-қорӣ Назаров
Обидхон-қорӣ Назаров

Додгоҳи шаҳри Остершунди Шветсия Юрий Жуковский, нафари гумонбар дар сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ Назаров, руҳонии саршиноси Узбакистонро ба муддати 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Юрий Жуковский - фарди гумонбар дар сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ Назаров, рӯҳонии саршиноси Узбакистон ва аз мухолифони ҳукумати Ислом Каримов, бо қарори додгоҳи шаҳри Остершунди Шветсия ба муддати 18 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора пайвандони Обидхон-қорӣ 15 декабр ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Кристер Петерссон, додситони Шветсия, дар ҷаласаи ахири додгоҳ барои Жуковскийи 37-сола ҷазои ҳабси абадро талаб карда, ҳадафи ҳамларо "фаъолиятҳои сиёсии Обидхон-қорӣ" дониста буд. Ӯ, инчунин, гуфт, ки дар паси сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ Назаров ҳукумати Узбакистон қарор дорад.

Довудхон, писари Обидхон-қорӣ, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки 90 дарсад ба ҳукми додгоҳ мувофиқанд. Ӯ гуфт, "бар асоси қонунҳои Шветсия ин ҳукм муҷозоти сангин ҳисоб мешавад ва аз ҳабси абад як зина поинтар аст."

Рӯзи 22 феврали соли 2012 дар шаҳри Стромшунд, шимоли Шветсия, афроди номаълум ба сӯи Обидхон-қорӣ Назарови 57-сола тирандозӣ карданд. Дар пайи ин ҳамла мунтақиди ҳукумати кунунии Узбакистон бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуд. Баъдан дар моҳи майи соли 2012 мақомоти Шветсия зану шавҳар аз Узбакистон Баҳодур Пӯлотов ва Нодира Аминоваро бо иттиҳоми кумак ба Юрий Жуковский дар анҷоми сӯиқасд ба ҷони Назаров дастгир карданд. Вале ҳарду баъди чанде ба далели камбуди шавоҳид озод шуданд.

Юрий Жуковский дар ибтидои соли 2015 дар Маскав дастгир ва моҳи август ба Шветсия истирдод шуд. Ӯ дар ҷараёни тафтиш эътироф кард, ки тамоми чизро гуфта наметавонад, чунки барои ҳаёти наздиконаш дар Узбакистон метарсад.

Дар ҳамин ҳол, маълум шудааст, ки дар гирифтани визаи Шенген ба Жуковский мудири кулли бошгоҳи футболи “Пахтакор”-и Тошканд Рустам Купайсинов кумак кардааст. Ӯ ба сафорати Латвия нома навишта, Жуковскийро маъмури “Пахтакор” муаррифӣ кардааст, ки

Туфанге, ки дар сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии узбак истифода шудааст
Туфанге, ки дар сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии узбак истифода шудааст

бояд бо як сафари корӣ ба як бошгоҳи футболи Эстония биравад. Аммо Жуковский баъди дарёфти визаи Шенген на ба Эстония, балки ба Шветсия парвоз кардааст.

Обидхон-Қорӣ Назаров аз мунтақидони сарсахти ҳукумати президенти Узбакистон Ислом Каримов ба шумор меравад. Ӯ дар Намангон ба дунё омада, дар солҳои 90 имоми масҷиди ҷомеи Тилошайхи Тошканд буд. Вале ин рӯҳонии маъруф ҳанӯз дар соли 1998 маҷбур ба тарки Узбакистон шуд ва баъди чанд соли зиндагӣ дар Қазоқистон дар соли 2006 дар Шветсия паноҳгоҳи сиёсӣ ба даст овард. Мақомоти Узбакистон ӯро дар таблиғи ақидаҳои Ваҳҳобия айбдор мекунанд. Худи Назаров инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG