Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳрух дар Франкфурт "Шоҳҷоиза" гирифт


Шоҳрух Юнусов, овозхони 17-солаи тоҷик дар озмуни байналмилалии сурудҳои академикӣ (классикӣ), ки дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор шуд, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Овозхони 17-солаи тоҷик Шоҳрух Юнусов шоми 4-декабр дар озмуни байналмилалии сурудҳои академикӣ (классикӣ) соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Дар ин озмун, ки рӯзҳои 1-5 уми декабр дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор шуд, овозхонҳои сини аз 17 то 27-сола аз 30 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ байни ҳам рақобат карданд.

Дар ин озмун, Шоҳрух бо тақдими сурудҳои "serenadai shubert" бо забони олмонӣ, "melodramma" бо забони итолиёӣ ва "respublikai man" бо тоҷикӣ ва новобаста аз ҳама иштирокчии хурд буданаш, ғолибиятро ба даст овард. Ин озмун аз ҷониби Фонди Хайриявии Русиягии “Наша Будушее” доир гардида ва Шоҳрух ягона ширкаткунанда аз Тоҷикистон будааст

Аммо ин аз нахустин ҷоизаи Шоҳрух нест. Вай чанде пеш низ бо иҷрои як тарона дар сабқати ҷаҳонии "Азия Мейкин"-и Қирғизистон ҷойи сеюмро ба даст оварда буд. То расидан ба ин саҳна, ҳунари Шоҳрух дар саҳнаҳои дигари байналмилалӣ ҳам эътироф шудааст.

Чаҳор сол пеш Шоҳрух Юунусов шоҳҷоизаи озмуни "Беҳтарин сурудҳои туркӣ"-ро, ки дар он 130 довталаб иштирок дошт, дар Туркия соҳиб гардид ва акнун меҳмони фахрии ин озмун аст, ки ҳар сол баргузор мешавад. Баъд аз пирӯзӣ дар ин озмун, раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ӯро ба меҳмонӣ даъват кард.

Аммо муҳимтарин озмуне, ки дари пешрафтҳоро ба рӯи Шоҳрух Юунусов боз кард, озмуни маъруфи Sanremo Junior дар Итолиё буд. Ӯ дар ин озмун бо таронаи машҳури Неополитании "О sole mio" ё "Офтоби ман" ҳунарнамоӣ кард ва ҷойи аввалро гирифт. Ба дунболи ин, беҳтарин ҷоизаҳоро дар сабқати таронаҳо дар Русия, Қазоқистон, Белорус ва давлатҳои дигар ба даст овард.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Шоҳрух Юнусовро садояш ба саҳнаи байналмилалӣ бурдааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Шоҳрух дарси мусиқӣ нахондааст. Ҳунари ӯро дар оғоз устодонаш дар мактаби туркиву тоҷикӣ кашф карда ва гуфтанд, ки ин ҳунари худододро қадр кунад ва рушд бидиҳад. Ҳоло устоди ӯ ҳунарманди маъруфи тоҷики муқими Итолиё Адҳам Холиқов аст, ки ҳар сол дар фасли тобистон ба Душанбе омада, нозукиҳои операро ба Шоҳрух меомӯзонад.

Шоҳрух Юнусов зодаи шаҳри Конибодом аст ва дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯро асосан падарбузурги муаллимаш тарбия кардааст. Шоҳрух ба ҷуз забони модариаш боз бо се забони дигар - туркиву англисӣ ва русӣ - озодона сӯҳбат мекунад. Баъди 3 соли таҳсил дар мактаби туркии шаҳри Хуҷанд, соли 2014 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ пуштибонӣ кард ва барои идомаи таъсил ба Душанбе даъват намуд.

Шоҳрух Юнусов ҳоло як орзу дорад. Ӯ мехоҳад, баъд аз хатми мактаби байналмилалии президентӣ таҳсилро дар Академияи "Belcanto"-и Итолиё идома диҳад ва хонандаи опера шавад. Ӯ мехоҳад, дар саҳнаҳои Ла Скала ва Ла Финичи ҳунарнамоӣ кунад.

XS
SM
MD
LG