Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: "Мо не, онҳо бояд узрхоҳӣ кунанд..."


Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, кишвараш барои сарнагунсозии ҳавопаймои низомие, ки ҳарими ҳавоии Туркияро вайрон карда буд, узрхоҳӣ нахоҳад кард

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, "фикр мекунам, ки ҷониби дигар маъзарат бихоҳад, на мо”. Ҳавопаймои русии СУ-24 рӯзи сешанбе дар ҳоле ҳадафи мушаки ҳавопаймои туркӣ қарор гирифт, ки, ба иддаои Анкара, дар ҳарими ҳавоии Туркия буд.

Аммо Русия мегӯяд, ки туркҳо ҳавопаймои русиро дар ҳарими ҳавои Сурия нобуд кардаанд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар як маросим дар Кремл рӯзи 26 ноябр гуфт, ки "то ҳанӯз мо на узрхоҳии фаҳмову возеҳ аз сӯи раҳбарони воломақоми сиёсии Туркия, на пешниҳод барои ҷуброни осеби расида ва на ваъдаи ҷазо додани ҷинояткорон барои ҷинояти содиркардаашонро нашунидаем". Тасаввуре ҳосил мешавад, ки раҳбарони Туркия дидаву дониста робитаҳои миёни Русияву Туркияро вориди бунбаст мекунанд, афзуд Владимир Путин.

Раҷаб Тайид Эрдуғон
Раҷаб Тайид Эрдуғон

Ба гуфтаи ӯ, зуҳури гурӯҳи “Давлати исломӣ” – натиҷаи фориғболии баъзе кишварҳо ва ҳамкории мустақимашон бо терроризм аст. Ҳарчанд ӯ аз кишваре ном набурд, коршиносон ҳадс мезананд, ки ишораи Путин ба Туркия аст, зеро дар Маскав мутмаинанд теъдоди аъзами шаҳрвандони хориҷӣ маҳз тавассути марзҳои Туркия вориди Сурия шуда, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастанд.

Соате пеш аз нашри сӯҳбаташ бо хабарнигори CNN, Эрдуғон ба як иттиҳоми дигари Русия - аз сӯи Анкара харидорӣ шудани нафти қочоқӣ аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" посух дод. Ӯ ин иддаои Русияро "тӯҳмат" номид. Дар мулоқот бо мансабдорони маҳаллӣ дар Анкара рӯзи 26 ноябр Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, иттиҳом аз сӯи кишваре садо медиҳад, ки бузургтарин содиркунандаи маводи сӯхт – газ ва нафт ба Туркия аст.

Сарвари Туркия изҳор намуд, ки кишвараш алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷангад ва солҳои ахир ҳазорон гумонбарони узвият дар ин гурӯҳро боздошт кардааст.

Эрдуғон бори дигар аз аъмоли низомиёни кишвар дар робита ба қазияи суқути ҳавопаймои СУ-24 пуштибонӣ кард ва гуфт, ки онҳо бар пояи муқаррароти ба ҳама маълум амал кардаанд. Зимнан, низомиҳои Туркия рӯзи 26 ноябр навори садоиеро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо, сабти ҳушдорҳо ба ҳавопаймои ҷангии Русия қабл аз зада шуданаш дар наздикии марзи Сурия аст. Халабони турк дар ин навор бо забони англисӣ чанд бор ҳушдор медиҳад ки “сабти худро билофосила ба тарафи ҷануб тағйир диҳед.” Аммо Константин Мурахтин, штурмани зиндамондаи ҳавопаймои СУ-24-и Русия рӯзи 25 ноябр дар нахустин мусоҳибааш ба матбуоти давлатии Русия гуфтааст, ки онҳо ягон ҳушдор нагирифтанд. Мурахтин гуфт, қабл аз суқути ҳавопаймо бар асари мушаки ҳавопаймои ҷангии Русия “ягон навъ тамос” набуд.

Маҷмааи зиддимушакии С-300
Маҷмааи зиддимушакии С-300

Нерӯҳои махсуси Русияву Сурия шоми чаҳоршанбе штурман Мурахтинро пайдо карда ӯро ба ҷойи амн интиқол доданд. Ба гуфтаи вазири дифои Русия Сергей Шойгу, амалиёти наҷот ва интиқоли штурман ба пойгоҳ 12 соат идома кард. Халабонеро, ки ҳалокаташ тайид шуд, Владимир Путин бо ситораи Қаҳрамони Русия қадрдонӣ кард.

Гуфта мешавад, ҳамла ба ҳавопаймои низомии Русия аз сӯи як кишвари узви НАТО - ҳодисаи гӯшношунид дар таърихи муқовимати Русия ва Паймони Атлантикаи Шимол аст. Ҳатто дар мушкилтарин давраҳои «ҷанги сард» ин гуна ҳодиса ба вуқӯъ напайваста буд.

Ба думболи суқути ҳавопаймои низомияш Русия вуруди сайёҳони рус ба Туркияро манъ кард. Тавлидоти кишоварзии Туркия дар Русия мавриди тафтиши мӯшикофона қарор гирифтанд ва ҳадс зада мешавад, ки шояд Маскав воридоти онҳоро манъ кунад. Рӯзи 26 ноябр ягона роҳи мошингарде, ки Русияву Гурҷистонро бо ҳам мепайваст, баста шуд, зеро марзбонҳои рус ба мошиншҳои боркаши Туркия иҷозаи вуруд ба Русияро намедиҳанд. Дар минтақаи бетарафи миёни постгоҳҳои Гурҷистон ва Русия садҳо мошинҳои боркаши Туркия ҷамъ омадаанд. Ронандаҳои турк мегӯянд, марзбонҳои рус ба онҳо бидуни тафтиши асноду бор амр мекунанд, ки ба Туркия баргарданд.

Ҳамзамон Маскав ба тақвияти нерӯҳояш дар Сурия шурӯъ кардааст. Владимир Путин баъд аз суқути СУ-24 изҳор намуд, ки барои таъмини амнияти ҳавопаймоҳо ба пойгоҳи "Хмеймим" маҷмааи зиддимушакии С-300 фиристода мешавад. .Нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, рӯзи 26 ноябр бо такя ба манбааш дар вазорати дифоъ хабар дод, ки Русия ба Сурия боз 10-12 ҳавопаймои ҷангии Су-27 ва Су-30 мефиристад. Қарор аст, ки онҳо ҳангоми амалиёт ҳар яке аз 24 ҳавопаймои бомбаандозро ҳамроҳӣ кунанд.

Дар ҳмин ҳол созмони хайрияи туркии Humanitarian Relief Foundation рӯзи 26 ноябр дар бораи зарбаи ҳавоӣ ба корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ дар шимоли Сурия ва дар наздикиҳои марзи Туркия хабар дод. Кӯмаки башарӣ барои паноҳандагони суриягии қароргоҳи воқеъ дар канори шаҳри Аазаз, ки таҳти назорати нерӯҳои мухолифин қарор дорад, пешбинӣ шуда буд. Дар бораи он ки зарба аз тарафи кадом нерӯҳо зада шудааст, иттиллое зери даст нест, аммо баъзе расонаҳо ҳадс заданд, ки ин интиқоми Русия барои суқути ҳавопаймои СУ-24 аст...

XS
SM
MD
LG