Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи севуми додгоҳи Жуковский. Обидхон-қориро кӣ парронд?


Дар додгоҳи шаҳри Остершунд дар шимоли Шветсия муҳокимаи фарди гумонбар ба сӯиқасди Обидхон-қорӣ Назаров, имоми маъруфи Узбакистон идома дорад.

Дар додгоҳи шаҳри Остершунд дар шимоли Шветсия муҳокимаи нафари муттаҳам ба сӯиқасди Обидхон-қорӣ Назаров, имоми маъруфи Узбакистон, идома дорад. Дар рӯзи сеюми мурофиаи додгоҳӣ додситон Кристер Петерсон шахси гумонбар Юрий Жуковскийро мавриди пурсиш қарор додааст.

Додситони швед ба хабарнигорон гуфтааст, далелҳои боварбахш дар даст дорад, ки сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қориро шахсан Жуковский анҷом додааст ва аз додгоҳ талаб хоҳад кард, барои вай ҳабси якумрӣ диҳад. Ва аммо Жуковский иттиҳоми ворида ба ӯро рад кардааст. Рӯзи 25 августи соли ҷорӣ Русия Жуковскийи 37-соларо ба Шветсия истирдод карда буд.

Бино ба иттилои хабарнигори бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ ҷаласаи сеюми баррасии қазияи қатли Обидхон-қорӣ дар додгоҳ 25 ноябр соати 9.30 вақти маҳаллӣ шурӯъ шуда, шахси гумонбар Юрий Жуковский ба додситон гуфтааст, ки Обидхон-қориро намешиносад.

Жуковский гуфтааст, ки ду бор ба Шветсия омада ва ба ҳангоми сафари дуюмаш оилаи Нодира Аминова ва Баҳодур Пӯлодов дар иҷора гирифтани мошину манзил ба ӯ кумак кардаанд. Дар сафари аввал дар меҳмонхона иқомат кардааст. Ба суоли додситонӣ, ки чаро ду бор ба Шветсия сафар кардааст, Жуковский гуфта, ки дӯсташ “Умед” хабар додааст, ки хоҳараш Нодира нишонии Назаровро пайдо карда ва ӯ бояд ба Шветсия биёяд.

Жуковский дар додгоҳ гуфт, ки ба ҳангоми сафар ба Шветсия дар канори нишонӣ акси Назаровро бо худ доштааст.

Обидхон қорӣ Назаров
Обидхон қорӣ Назаров

Ӯ дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳ гуфт, то сафар ба Шветсия бекор буда ва бо мақсади ифтитоҳи ширкати сохтмонӣ бо дӯсти маскавиаш ба ин кишвар омадааст. Жуковский гуфтааст, ки Шветсия дар Тошканд сафорат надошта, аз ин лиҳоз ӯ аз сафорати Латвия дархости визаи Шенген кардааст.

Ба гуфтаи Жуковский, ӯ бо даъват ва кумаки молии дӯсташ бо номи “Умед”, ки бародари калонии Нодира Аминоваи узбакистонӣ аст, ба Шветсия омадааст.

Нодира Аминова бо ҳамсараш Баҳодур Пӯлодов дар моҳи майи соли 2012 ба иттиҳоми мусоидат ба вуруди Жуковский ба Шветсия ва кумак барои пайдо кардани манзили Обидхон-қорӣ дар шаҳри Скенеи Шветсия боздошт шуда буданд. Ин ду нафар эътироф кардаанд, ки Жуковскийро мешиносанд, аммо аз мақсади ӯ хабар надоштаанд. Дар пайи ин эътироф онҳо аз толори додгоҳ озод шуданд.

Юрий Жуковский дар додгоҳ гуфт, ки “Умед” аз ӯ хоҳиш кардааст, дар пайдо кардани шахсе, ки аз узбакҳо қарзи бисёр доштааст, кумак кунад. Нодира нишонии ин шахсро пайдо карда ва “Умед” гуфтааст, дар шаҳри Стромсунд Обидхон-қориро дар видео сабт намояд ва ба Маскав фиристад. Жуковский ин дархостро иҷро карда ва “Умед” ӯро дар Маскав истиқбол кардааст.

Жуковский дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, ки дар Украина таваллуд шуда, вале шаҳрванди Узбакистон аст. Ӯ гуфт, ки ба иддиои Довудхон, писари хурдии Обидхон-қорӣ, ки гӯё дар қатли падараш давлати Узбакистон даст дорад, мувофиқ нест. Зеро ба гуфтаи Жуковский агар Узбакистон чунин нақша дошт, ҳатман онро дар вақти иқомати Обидхон-қорӣ дар Қазоқистон анҷом медод.

Зимнан, Обидхон-қорӣ Назаров аз интиқодгарони ашаддии ҳукумати Ислом Каримов маҳсуб шуда ва дар зарфи 9 соли ахир дар муҳоҷират дар Шветсия ба сар мебурд. 22 феврали соли 2012 ӯ дар назди манзилаш дар шаҳри Стромсунд аз зарби тир ба пешонааш шадидан захмӣ шуда буд.

Дар соли 2012 зану шавҳар Нодира Аминова ва Баҳодур Пӯлодов дар додгоҳ гуфтанд, ки сӯиқасд аз ҷониби Юрий Жуковский, шаҳрванди Узбакистон анҷом шудааст. Тибқи иттилои манобеи Озодӣ, Нодира Аминова ва Баҳодур Пӯлодов Шветсияро тарк карда ва хонуми Аминова ба Узбакистон бозгаштааст.

Юрий Жуковский дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Русия боздошт шуда ва рӯзи 25 август ба Шветсия истирдод шуд. Дар муддати се соли ахир Обидхон-қорӣ Назаров дар ҳолати вазнин дар бемористони Шветсия бистарӣ аст.

XS
SM
MD
LG