Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаққи қонунии қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернетро дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористӣ ба даст оварданд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 25 ноябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” гуфтанд, ки ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон метавонанд ин корро на танҳо дар минтақаи ҷудогона, балки дар кулли ҷумҳурӣ анҷом диҳанд. Хайрулло Сӯфиев, вакили парлумон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ гуфт, ҳадаф аз ин тасмим, ба қавли ӯ, олуда накардани фазои иттилоотии кишвар дар рӯзҳои баргузории амалиёт будааст.
Мақомоти расмӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқа – масъули танзими бозори Интернет ва телефонҳои мобили Тоҷикистон – маъмулан даст доштани худ дар бастани дастрасӣ ба сомонаҳоро, ки дар матбуот “сайтбандон” ном гирифтааст, рад мекарданд. Аммо ин шеваи бархӯрди мақомот ба интиқодҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён рӯбарӯ мешуд.
Ғафурҷон Иркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан ҳам ҳангоми идомаи амалиётҳои зиддитеррористӣ алоқаи мобилӣ маҳдуд мешуд, аммо дар ин бора қонун вуҷуд надошт ва ширкатҳои мобилӣ пеши саҳмдорон ва сармоягузорони хеш дар шарҳ додани вазъият мушкилӣ мекашиданд. Аммо чун қонун дар ин бора қабул шуд, ин нуқта ҳатман иҷро хоҳад шуд. Ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон ҳамеша қонунҳоро риоя мекунанд. Шояд дар ҷое даромади ширкатҳои мобилӣ камтар шавад, аммо ҳамаи мо мефаҳмем, ки ин ба амнияти кишвар дахл дорад. Амният бошад аз ҳама муҳим аст, ин амнияти кишвар ва амнияти хонаводаҳои мост., мегӯяд ӯ.
"ТАКРОРИ ҲАВОДИСИ АФҒОНИСТОНУ МИСРРО НАМЕХОҲЕМ"
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ аз ин тарҳ ҳимоят карда ва гуфт, “дар се моҳи охир ҳодисаҳои терроризм дар ҷаҳон авҷ гирифтаанд ва ҳодисаҳои дар Париж, Афғонистон, Миср ва дигар кишварҳо рух додаморо водор месозад, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҳодисаҳо чора андешем. Ӯ аз ошӯби моҳи сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ ёдоварӣ карда ва гуфт, “ин талоши табадуллот нишон дод, ки бисёр корҳо бо телефон сурат мегиранд. Ҳоло дар бисёр ҷой симкортҳоро бе пешниҳоди ҳуҷҷати расмӣ мефурӯшанд, ки бар зарар аст. Ҳоло тағйиру иловаҳоро дар ин бора омода мекунем ва бояд пеши роҳи ин корро бигирем.”
Хайрулло Сӯфиев, яке аз муаллифони тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо тероризм, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дастрасӣ ба интернет ва телефони ҳамроҳ фақат дар минтақаи амалиёти зиддитеррор қатъ хоҳад шуд. Набояд ба террористҳо иҷоза дод, ки замони амалиёт аз алоқаи мобилӣ истифода барад ва аз каналҳои интернетӣ истифода барад, ба вижа барои таблиғоти ақидаҳои худу гӯлзании мардум, мегӯяд ӯ.
Тасмим дар бораи вуруди тағйирот ба қонун дар бораи терроризм баёнгари тарсу нигаронӣ аз ташкили “инқилоби ранга” ё ошӯб дар кишвар аст. Баъзе таҳлилгарон, ҳарчанд таъмини амниятро муҳимтар аз ҳама мехонанд, аммо мегӯянд, ки тағйиру иловаҳои воридшуда талоши дубора ҷорӣ кардани сензура ва мубориза бо мунаққидону давлату дигарандешон ҳам ҳаст.
Ҳуқуқдони тоҷик Дилшод Муллоев мегӯяд, дар ҳама кишварҳои олам, ба вижа, дар кишварҳое, ки бо терроризм дасту панҷа нарм кардаанд, новобаста аз он ки низом демократӣ аст ё мустабид, қонунҳои шадиди зидди террористӣ қабул шудаанд. Ва бисёр вақт ҳатто дар кишварҳои пешрафта, вақте масъалаи таъмини амният ва озодии баён ба миён меояд, ба аввалӣ бартарӣ медиҳанд.
ВАҚТЕ ИТТИЛОЪ ЯКТАРАФА ВА БА НАФЪИ ДАВЛАТ АСТ...
Бастани сомонаҳои интернетӣ, ки дар матбуот “сайтбандон” ном гирифтааст, дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои хабарии Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, агар қаблан мақомот ҳангоми ҳолатҳои барояш фавқулодда, аз ҷумла, нооромӣ дар ягон минтақа, робитаи телефонӣ ва дастрасӣ ба интернет бо ҳар баҳона манъ мекард, акнун аз ин иқдом метавонад аз роҳи қонунӣ кор бигирад.
Мусоҳиби мо аз қонуншиканиҳои солҳои пеш ёдовар мешавад, ки маҳдудсозии интернет ва қатъи робита аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов дар водии Рашт (солҳои 2010-2011) ва дар амалиёти Хоруғ (соли 2012) дар пайи даъвати “Гурӯҳи 24” ба баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе моҳи октябри соли 2014 ва дар амалиёт алайҳи гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода истифода шуда буд. Дар рӯзҳои амалиёти зидди муовини вазири дифоъ дар Ромит дар моҳи сентябр ирсоли паёмакҳо аз тариқи телефонҳои мобил муваққатан манъ шуд ва дастрасӣ ба чанд сомонаи хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ – сомонаи Радиои Озодӣ, Ютуб ва Фейсбук маҳдуд шуда буд. Мақомоти расмӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқа – масъули танзими бозори Интернет ва телефонҳои мобили Тоҷикистон – маъмулан даст доштани худ дар “сайтбандон”-ро рад мекарданд ё мегуфтанд, кадом амр ё қасди хосе барои бастани ин сомонаҳо дар миён нест, балки зарурати кадом як корҳои профилактикӣ пеш омадааст.
Нуриддин Қаршибоев ҳадс мезанад, ки тағйиру иловаҳо шояд сӯиистифода дар бастани сомонаҳои интернетиро бештар кунад. Шахсан барои ман то ҳол номафҳум аст, ки вазъи изтирорӣ ё амалиёти зиддитеррористӣ чӣ гуна аз тарафи кӣ эълон мешавад – аз тарафи раисиҷумҳур ё парлумон, мегӯяд ӯ.
Аз сӯи дигар, мардум бояд дар ҳама ҳолат аз он чӣ дар минтақаи амалиёти зиддитеррористӣ мегузарад ва аз вазъи наздикону пайвандонашон бохабар бошанд. Аммо мақомот инро чӣ гуна таъмин хоҳанд кард, маълум нест. Дилшод Муллоев ҳам мутмаин аст, иттилоъи дақиқу воқеъбинона дар бораи ҳаводисе, ки мегузарад, басо зарур аст, зеро дар акси ҳол ҷойи онро овозаҳову фарзияҳо мегиранд ва авзоъро бештар ноором мекунанд. Дар сурати бастани шудани интернет ва қатъи робитаи телефонӣ мақомот бояд роҳҳои алтернативии ба мардум расонидани иттилои дақиқу воқеъӣ ва огаҳӣ аз вазъи мардуми дар минтақаи амалиёти террористӣ бударо пайдо кунанд. Бигирем, ҳукумат метавонад аз радио ва интранет истифода барад.
Як мусоҳиби мо аз дафтари ҳукумат, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ кард, мегӯяд, таври маъмул, ҳангоми баргузории амалиёти террористӣ марказҳои матбуотии вазоратҳои қудратӣ дар бораи он чӣ мегузарад, хабар медиҳанд, зеро вуруди дигар хабарнигорон ба макони даргириҳо ба хотири таъмини амнияти худи онҳо манъ шудааст. Аммо, аз нигоҳи Нуриддин Қаршибоев, дар ҳолати эълони амалиёти зиддитеррор бояд як маркази матбуоти вижа бо ҷалби хабарнигори расонаҳои гуногун таъсис шавад ва ҳама иттилои зарурӣ ва воқеъиро зуд-зуд ба расонаҳо ироа кунад. Дар амалиёте, ки қаблан дар Рашту Хоруғу Ромит баргузор шуданд, иттилоот бештар якҷониба, бидуни тавозуни назарҳо ироа мешуд ва ҳатто метавон гуфт, ки мақомот иттилоъро “монополия” карда буданд, мегӯяд ӯ.
Коршиносон мегӯянд, ки қонун имкони сӯиистифода аз сӯи мақомоти қудратиро фароҳам кардааст ва ҳатто агар мақомот иттилоъ ҳам диҳанд, иттилое медиҳанд, ки комилан яктарафа ва гоҳҳо дур аз воқеъият аст. Баъди иҷозаи расмии бастани интернет ва қатъи робитаи мобилӣ имкони сӯиистифода аз сӯи ҳукумат бештар шудааст ва мақомот метавонанд баъд аз хатми амалиёт низ ҳафтаҳову моҳҳо дастрасӣ ба сомонаҳои “номатлуб”-ро маҳдуд нигаҳ доранд.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, амрҳои шифоҳӣ ваё пинҳонӣ дар бораи бастани ин ё он сомона ё шабакаи иҷтимоӣ аз ин баъд ҳам ироа хоҳанд шуд. Ширкати TeliaSonera рӯзи 16 ноябр бо нашри баёнияи расмӣ иқрор кард, ки онҳоро барои дастнорас кардани баъзе аз торнамоҳо маҷбур мекунанд. Аз ҷумла, ба қавли масъулони ин ширкат рӯзи 2 ноябри соли ҷорӣ ба онҳо амр шуд, ки торнамоҳои ВКонтакте, Фейсбук ва Одноклассникиро барои муддати номуайян бибанданд.
Қонун дар бораи мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 таҳия ва тасвиб шуда, тартиби бархӯрди мақомоти ин кишвар бо таҳдидҳои террористиро мушаххас мекунад. Ин қонун бори охир дар моҳи октябри соли 2014, дар пайи даъвати “Гурӯҳи 24” ба баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе мавриди бозбинӣ қарор гирифта буд.