Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

29 сол ҳабси Зайд Саидов бе тағйир монд


Зайд Саидов
Зайд Саидов

Додгоҳи олӣ шикояти Зайд Саидовро дар бораи бекор кардани ҳукми наваш, ки муҳлати ҳабси ӯро ба 29 сол расонда, инчунин, ба пардохти 34 миллион сомонӣ муваззаф кардааст, қонеъ накард.

Марҳилаи болоии Додгоҳи олии Тоҷикистон 20 ноябр ҳукми нави Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари зиндонии ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистони нав"-ро, ки мӯҳлати ҳабси ӯро дар маҷмӯъ ба 29 сол расонда, инчунин, ба пардохти 34 миллион сомонии дигар муваззаф кардааст, бе тағйир гузошт. Ин ҳукм моҳи августи соли ҷорӣ аз сӯи додраси Додгоҳи олӣ Савриддин Тошев эълон шуда буд. Баъдан Зайд Саидов аз болои он шикояти кассатсионӣ бурд ва бозбинии ҳукмашро тақозо кард.

Наздикони Зайд Саидов мегӯянд, ки баррасии шикояти ин соҳибкор аз болои ҳукми наваш ҳафтаи ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО дар Душанбе шурӯъ шуда, субҳи ҷумъа ба охир расидааст. "Вале зинаи болоии Додгоҳи олӣ шикояти моро қонеъ накард ва тамоми далелҳои моро барои лағви ин ҳукм ба эътибор нагирифт," -- афзуд яке аз наздикони Саидов дар суҳбат бо мо.

Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз пештар ба ҳангоми баррасии шикояти кассатсионӣ Зайд Саидов баромад карда, бори дигар ба бегуноҳияш пофишорӣ намудааст. Ӯ гуфтааст, ки тамоми парвандаҳояш сохтаанд ва ҳукми додгоҳ нисбат ба ӯ бекор карда шавад.

Дар парвандаи нави Зайд Саидов, ки аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, ӯ ба сохтакории ҳуҷҷат, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз айбдор мешавад. ​Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи сешанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, додрас инчунин хостори мусодираи амволи нафари таҳти ҳимояти ӯ шуда, Саидовро ба пардохти 34 миллион сомонии дигар муваззаф намудааст.

Дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ айбдоркунандаи давлатӣ - намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мурофиаи соҳибкори зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олӣ талаб карда буд, ки Зайд Саидовро ба 25 соли зиндон ва 34 миллион сомонӣ ҷарима маҳкум кунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар ин мурофиаи додгоҳӣ гуноҳҳои соҳибкор исбот шудаанд.

Аммо Зайд Саидов 23 июли соли ҷорӣ ҳангоми баёни сухани охиринаш дар додгоҳ тамоми иттиҳомоти алайҳи ӯро "супоришӣ ва сиёсӣ" хонд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари собиқи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали боздошташ бо ӯ дидор карда ва бо ишора ба таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав гуфтааст, ки "магар мо кӯҳна шудем?"

Раҳбари зиндонии ин ҳизби сабтнашуда гуфта буд, ки мақомот ҳатто ӯро барои дарёфти гӯё се миллион доллар аз як шаҳрванди Украина барои номзад шуданаш ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2013 айбдор кардаанд.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳоло бо илова шудани ҳукми нав, ки додгоҳ Зайд Саидовро ба 3 соли зиндон маҳкум кард, муҳлати ҳабси ӯ дар маҷмуъ ба 29 сол баробар шудааст.

Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд. Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саид ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азми худ барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG