Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ чор қочоқбари маводи мухаддирро меҷӯяд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, чаҳор узви як гуруҳи муташаккили фаромарзиро меҷӯяд, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз фирори чаҳор узви як гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир хабар дода, барои боздошти онҳо аз сокинон ёрӣ хост. Ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон шоми 18 ноябр бо пахши як гузориши расмӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ гуфт, ин афрод Умарбек ва Раҳмонбердӣ Саидовҳо, Фарҳод Поччоев ва Эмомалӣ Гулов ва узви гурӯҳи муташаккили фаромарзӣ будаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳоло ду ҳамроҳи афроди фирорӣ дар боздошт қарор дошта, ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешаванд.

Мақомот яке аз ин боздоштшудаҳоро Баҳром Ҷалолови 38-сола муаррифӣ карданд. Дар гузориши расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта шуд, Ҷалолов дар ҷараёни як амалиёти вижа дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе ба даст афтода, аз дохили мошини тамғаи "Мерседес"-аш 40 килову 20 грамм ҳероин ва 17 ҳаби экстазӣ кашф ва мусодира шудааст.

Тибқи шоҳидии Ҷалолов, дар фурӯшгоҳи "Далён", воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе дар борхалтаи Фарҳод Поччоев, сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз ҳамроҳони онҳо буда, ҳоло дар фирор аст, 990 ҳабби эктезӣ низ вуҷуд доштааст.

Тибқи ин гузориш, ба ҳангоми таҳқиқи ин ҳодиса рӯшан шудааст, ки ин маводи мухаддир ба бародарон Умарбек ва Раҳмонбердӣ Саидовҳо, сокинони деҳаи Далёни ноҳияи Ғончӣ тааллуқ дошта, онҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ 100 кило ҳероин ва 50 кило афюнро аз шаҳрвандони Афғонистон харидорӣ кардаанд. Баъдан қисмате аз ин маводи мухаддир барои интиқол ба Русия ба шаҳрвандони Қирғизистон дода шудааст.

“Маводи мухаддири боқимонда бо маслиҳат бо қочоқбарони афғон бояд шаҳрванд Сӯҳроб Тӯрахонов, сокини деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат мегирифт,” – таъкид шуд дар гузориши КДАМ.

Баҳром Ҷалолов дар бозпурсиҳои аввалия гуфтааст, ба ӯ дастур додаанд, ки 40 кило ҳероин ва ҳабро бигирад. Аммо ҷузъиёти ин шаҳодати Ҷалолов рӯшан нест ва маълум нест, ки кӣ барояш дастур дода ва ин маводи мухаддир ба куҷо бояд мунтақил мешуд.

Ҳоло дар иртибот ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, талош дорад аъзои боқимондаи ин гуруҳи муташаккили, ба гуфтаи онҳо, фаромарзиро низ дастгир кунад. Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар сурати мусоидати сокинон дар фирор ва пинҳон шудани 4 узви гурӯҳи муташаккили фаромарзӣ онҳо тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот шуда, афроди кумаккунанда дар дастгир шудани онҳо мукофот хоҳанд гирифт.

Ахиран дар ҳудуди Тоҷикистон ва Русия чанд гурӯҳи муташаккили фаромарзии қочоқбарони маводи мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар соли 2013 дар шаҳри Вологдаи Русия як гурӯҳи 16-нафарии қочоқбарони маводи мухаддир, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон шомил буданд, бо 300 кило маводи мухаддир дастир шуда ва ба муддатҳои аз 8 то 20 сол равонаи зиндон шуда буданд.

XS
SM
MD
LG