Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби таҷҳизоти назоратӣ барои маводи радиоактив дар марз


Минтақаи радиоактивӣ дар Чкалов.
Минтақаи радиоактивӣ дар Чкалов.

Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар 7 гузаргоҳҳои марзии роҳҳои мошингард ва оҳани кишвар таҷҳизоти вижа барои кашфи маводи радиоактивӣ насб шудааст.

Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар 7 гузаргоҳҳои марзии роҳҳои мошингард ва оҳани кишвар таҷҳизоти вижа барои кашфи маводи радиоактивӣ насб шудааст.

Дар фарҷоми ин барнома дар рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар гузаргоҳи “Дӯстӣ”- и Турсунзода, ҳаммарз бо Узбакистон бо иштироки мақомоти вазорати корҳои хориҷӣ, раёсатҳои гумрук марзбонӣ ва Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ маросиме баргузор шудааст.

Абдуҷаббор Саломов, муовини раҳбари Оҷонси мазкур рӯзи 26 октябр, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки таҷҳизоти партавафкани ошкорсозандаи маводи дорои радиоактив барои гузаргоҳҳои марзӣ ва 8 нақлиёти махсуси муҷаҳҳаз барои ошкорсозиву интиқоли маводи радиатсионӣ ба хадамоти гумрук, сарҳадбонӣ ва ин Оҷонс дар чорчӯби тарҳи муштараки ҳукуматҳои Амрико ва Тоҷикистон барои мубориза алайҳи қочоқи маводи радиоактивӣ аз сӯи Вазорати энержии ИМА ва комиссияи Иттиҳоди Аврупо тавассути Оҷонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ (МАГАТЕ) тақдим гардид.

Ба гуфтаи вай, ин таҷҳизоти нақлиётӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифта, мутахассисони тоҷик тавассути барномаи МАГАТЭ барои корбурди онҳо дар хориҷа омӯзиш дидаанд. Ҷаноби Саломов афзуд: “Ҷилавгирӣ аз қочоқи маводҳои дорои радиоактив на танҳо барои Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя ва тамоми ҷаҳон хеле муҳим аст. Агар қаблан эҳтимоли бо роҳи қочоқ интиқоли чунин маводҳо аз Тоҷикистон ва ба дасти афроди ҷиноятпеша афтодани он вуҷуд дошт, акнун ин амр хеле душвор гардид.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, таҷҳизоти назоратии партавӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ автомобил, вагон ва инсонро ташхис мекунад ва маводи дорои радиоактивро кашф мекунад. Вай афзуд, микробусу автомобилҳои махсуси дорои таҷҳизоти муосир низ ба кормандони Оҷонсии мазкур, кормандони гумрук ва сарҳадбонҳои тоҷик имкон медиҳад, ки тавассути онҳо маводи радиатсионии интиқолшавандаро кашф ва безарар намоянд. Вай мегӯяд: “Таҷҳизоти ин нақлиёти махсус на танҳо маводи радиатсионии бо роҳи қочоқ аз ҳудуди Тоҷикистон хориҷшавандаро кашф менамоянд, балки онҳо чӣ будани он мавод ва чӣ тавр безараргардонии онро ҳам нишон медиҳанд.”

Ба гуфтаи масъулони Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон, маводи дорои радиоактиви кашфгардида тавассути технологияҳои навин безарар гардонида шуда, сипас дар автомобили махсус барои гӯронидан ба партовгоҳи Файзобод интиқол дода мешавад. Ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати ин нақлиёт ва ҷои будбоши он ҳамеша зери назорати мутахассисон қарор мегирад.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Саломов, муовини раҳбари ин Оҷонс, ҳамаи корхонаю муассисаҳое, ки маводи дорои радиоактив доранд, аз сӯи мутахассисони ин ниҳод номнавис шудаанд. Ба гуфтаи вай, ба ҷуз ин дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва тиб низ маводи радиатсионӣ кор бурда мешаванд, ки интиқол ва истифодаи онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқ зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Тоҷикистон ва ИМА моҳи ноябри соли 2011 як санаде оид ба мубориза алайҳи қочоқи маводи ҳастаӣ ба имзо расонида буданд, ки он дар канори тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикист ва ироаи таҷҳизоти кашфи маводи дорои радиоктив ва ченкунии дараҷаи шуъоакании онҳо ба ин кишварро пешбинӣ кардааст.

Қабл аз он миёни Тоҷикистон ва Оҷонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ санаде дар мавриди замонати иҷрои муоҳидаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ ба имзо расида буд.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон урани ғанишуда вуҷуд надорад ва фаъолияти корхонаи “Востокредмет” дар шаҳри Чкалов ҳам, ки ба тавлиди урани хом ихтисос дорад, дар охирҳои солҳои 90 - и асри гузашта қатъ шудааст. Вале 10 партовгоҳи ин корхона ҳудуди 55 миллион тонна маводи дорои радиоактив дорад, ки комилан зери назорат гирифта нашудаанд.

Қаблан бархе сокинон оҳанпораи рангаро аз партовгоҳҳо берун оварда, ба фурӯш мезаданд. Аммо солҳои охир баъди аз сӯи мутахассисону табибон огоҳонидани сокинон аз зарари маводи радиоактив ба саломатии инсон воридшавии сокинон ба партовгоҳҳову чоҳҳои дорои маводи радиоактив ва бо роҳи қочоқ интиқол ёфтани онҳо аз Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст.

Вале коршиносони маҳаллӣ дар умури амнияти радиатсионии минтақа дар ҳоли ҳозир низ бо роҳи қочоқ берун рафтани оҳанпора дорои радиоактивро аз минтақаи шимолии Тоҷикистон ба Қирғизистон мумкин медонанд. Дар гузашта кормандони гумруки вилояти Суғд ҳамасола даҳҳо тонна фулузотро аз дасти афроди бо роҳи ғайриқонунӣ интиқолдиҳанда ба Қирғизистон кашф ва мусодира карда буданд.

Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон мегӯяд, баъди гузоштани таҷҳизоти назоратии партавӣ ва ташхисгоҳҳои сайёр дар ихтиёри мутахассисони оҷонси мазкуру гумрукиён ва марзбонҳои тоҷик аз миёнаҳои соли равон то ҳол ягон мавриди кашфу мусодираи қочоқи маводи дорои радиоактив ба қайд гирифта нашудаст. Вале дар гузашта, аз ҷумла, дар соли 2002 дар вилояти Суғди Тоҷикистон кормандони пулис аз қочоқи 2 кило урани хом пешгирӣ намуда буданд.

XS
SM
MD
LG