Генерал Ҷузеф Данфурд, раиси нави ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи 20 октябр баъд аз дидори худ дар Ироқ бо мақомҳои баландпояи ин кишвар гуфтааст, ки Бағдод аз Русия барои ширкат дар ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дархост накардааст ва чунин кореро дар оянда низ нахоҳад кард.
Русия аз аввали моҳи октябр ҳамлаҳои ҳавоии худро дар Сурия оғоз кард. Дар ҳамон рӯз Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфта буд, ки чунин ҳамлаҳои русҳо дар Ироқ истиқбол хоҳад кард. Аммо генерал Данфурд мегӯяд, ки ҳукумати Ироқ аз он вақт мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мутмаин сохтааст, ки чунин дархостеро расман ба Маскав ироа накардааст.
Ба гузорииши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, генерал Данфурд гуфтааст, ки дар дидори худ бо нахуствазир ва вазири дифои он кишвар таъкид кардааст, "агар русҳо низ даст ба анҷоми амалиёте дар Ироқ бизананд, он вақт кори мо барои ҳимоятҳое, ки лозим доред, бисёр мушкил хоҳад шуд."
Ин генерали амрикоӣ мегӯяд, дар дидор бо мақомҳои ироқӣ ин масъаларо матраҳ кардааст, ки анҷоми амалиёти он кишвар, дар сурате ки Русия ҳамин ҳоло вориди корзор шавад, ғайримумкин хоҳад шуд.
Эътилофе бо раҳбарии Амрико аз як сол ба ин тараф алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ун- Нусра" ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ки амалиёти Русия дар Сурия "ба таври густурдае" шароитро тағйир додааст.
Аз тарафи дигар, тибқи гузоришҳо, Маскав ва Вошингтон тавонистаанд барои ҷилавгирӣ аз бархӯрдҳои эҳтимолии ҳавоӣ миёни ҳавопаймоҳои эътилоф ва Русия, ба созиш бирасанд.
Ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия бо нигаронии Амрико ва бархе аз ҳампаймонҳои он рӯбарӯ шудааст. Онҳо мегӯянд, бар хилофи гуфтаҳои Маскав, аксари ҳамлаҳои он кишвар на алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ, балки алайҳи гурӯҳҳои миёнарави мухолифи Башор анҷом шудаанд.
Русия, Эрон Ироқ ва Сурия маркази иттилоотиеро низ дар Бағдод таъсис кардаанд, ки ба навиштаи хабаргузории Ройтерз, сабаби дигари нигаронии Вошингтон шудааст.