Ронандаҳои мошинҳои борбар, ки аз Чин тариқи гузаргоҳи Қарамиқ ба Тоҷикистон молу коло ворид мекарданд, мегӯянд, марзбонони қирғиз убуру мурури мошинҳои борбари кишварҳои сеюмро аз ин тариқ иҷозат намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо то чанд моҳи пеш бе мушкил аз ин гузаргоҳ убур мекарданд ва ин аз наздиктарин гузаргоҳе, буд, ки воридоти молро аз Чин ба Тоҷикистон осонтар мекард.
Аҳмад, ронандаи мошини борбар, ки аз Бишкек ба Тоҷикистон молу коло ворид мекунад, гуфт, ӯ бемамониат аз ин гузаргоҳ мегузарад. Аммо онҳое, ки аз Чину Русия меоянд, иҷозаи вурудро надоранд.
"Марзбонони қирғиз мегӯянд, Қарамиқ гузаргоҳи байналмилалӣ нест, аз ин хотир мошинҳои борбареро, ки аз Чину Русия ва Алма-Ато меоянд, барои гузаштан иҷозат намедиҳанд," -- афзуд ҳамсӯҳбати мо. Ӯ гуфт, ин қоидаи нав ду моҳ боз ҷорӣ шудааст. Ба қавли мусоҳиби мо, ронандаҳо маҷбур мешаванд, барои расондани молу колои худ аз гузаргоҳи ноҳияи Исфара ва ё роҳи мошингарди Қулма-Қароқурум истифода баранд, ки нисбатан дуртар будааст.
Мақомоти Тоҷикистон низ манъи убуру мурури мошинҳои баробар аз кишварҳои сеюмро тариқи гузаргоҳи Қарамиқ таъйид мекунанд. Вале мегӯянд, сабаби ин амали мақомоти Қирғизистон то ҳанӯз барои Тоҷикистон норӯшан аст. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷиикстон, 13 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин гузаргоҳи дуҷониба аст, ба ҷуз аз мошинҳои Тоҷикистону Қирғизитсон ба мошинҳои кишварҳои сеюм иҷоази умбуру мурур дода намешавад.
"Дуруст аст, то имрӯз марзбонони қирғиз мегузоштанд то ин мошинҳо ба Тоҷикистон ворид шаванд, аммо ҳоло дигар чунин иҷозатро намедиҳанд. Барои мо ҳам маълум нест, ки чаро манъ кардаанд. Агар онҳо аз нуқтаи назорати худ барои убури мурури ин мошинҳо иҷозат бидиҳанд, марзбонони тоҷик барои гузаштани ин мошинҳо ба қаламрави Тоҷикистон ягон монеа намегузоранд," -- шарҳ дод ӯ.
Қирғизистон дар ҳоле убуру мурури мошинҳоро аз кишварҳои сеюм ба Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳи Қарамиқ манъ кард, ки ҳанӯз аз чанд моҳи пеш таҳлилгарон ҳадс мезаданд баъд аз узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистон дар вазъи мушкилтаре қарор хоҳад гирифт. Зеро ин иттиҳод маҳз ба хотири ҳимояи бозори дохилӣ аз маҳсулоти беруна ва бартарӣ додан ба истеҳсолкунандагони ватанӣ сохта шудааст. Гузашта аз ин, дар кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё таҳти роҳбарии Русия қонуне ба иҷро даромад, ки содироти мол аз кишварҳои ғайриузвро душвор ва ё ғайриимкон мекунад.
Қирғизистон дар моҳи майи соли ҷорӣ,расман шомили ин иттиҳод шуд. Русия низ барои кумак ба узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё 200 миллион доллар дод, то чаҳор гузаргоҳи гумрукии худро навсозӣ ва бо кишварҳои дигар рақобат кунад. Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, бо ворид шудани Қирғизистон ба ин иттиҳод миёни ин кишвар бо Тоҷикистон сарҳади гумрукӣ пайдо шуд. Аммо ин иқтисодшинос аз сӯи марзбонони қирғиз манъ кардани убуру мурури мошинҳо аз Чин ба Тоҷикистонро нодуруст медонад. Ба таъкиди Умаров, ҳатто миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва давлатҳои сеюм шартномаи тарназитӣ амал мекунад, ки бояд аз сӯи Қирғизистон риоя гардад.
Аммо Вазир Собиров, аз дигар иқтисодшиносони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин амали Қирғизистонро ба таҳкими назорат болои молҳои транзитӣ медонад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, аз нуқтаи назари тиҷорати байналмилалӣ молҳое ҳастанд, ки ба доираи “хавф” дохил мешаванд ва дар онҳо эҳтимоли зиёди вайрокунии қоидаҳои гумрукӣ ва тиҷоратӣ вуҷуд дорад.
"Ба эҳтимоли бештар Қирғизистон тарс дорад, ки гӯё ин молҳо ба Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аммо таъиноташ шояд ба Қазоқистон ва Русия бошад ва ин мошинҳо ба Тоҷикистон наомада роҳи худро иваз кунанд. Аз ин хотир, ин кишвар аз чунин иқдом кор гирифтааст," -- гуфт ӯ. Бо ин ҳама иқтисодшиносони тоҷик мегӯянд, муҳим аст, ки раванди пайвастаи интиқоли молу коло аз тариқи Қирғизистон пурра таъмин шавад. Зеро маҳдудият дар убуру мурури мошинҳои боркашонӣ аз Чин тариқи гузаргоҳи Қарамиқ метавонад ба пешубрди тиҷорат дар Тоҷикистон ва нархи маҳсулот дар бозори дохилии кившар таъсири манфӣ гузорад.