Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коллегияи адвокатҳо гуфтааст, Ёров узви коллегия набуд


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Ҳайати машваратии вакилони мудофеи Тоҷикистон мегӯяд, ки то замони боздошти Бузургмеҳр Ёров вайро аз ҳайати машваратӣ ё Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон хориҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” гузориш додааст.

Бино ба ин хабар, Ёров ҳанӯз 11 августи соли 2007 бо қарори раёсати ҳайати машваратӣ аз ҳайати мушовира бароварда шуда буд ва 27 сентябр дар рӯи боздошт вай вакили мудофеи “Сипар”-иттиҳоди ҷамъиятии вакилони мудофеъ будааст.

Бо вуҷуди ин аз замони боздошт то ҳол Бузургмеҳр Ёров дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба худ навиштааст, киузви Ҳайати машваратии вакилони мудофеи Тоҷикистон ё узви Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG