Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо пиромуни суқути Қундуз шиддат меёбанд


Амалиёти нируҳои ҳукуматии Афғонистон барои дубора аз Толибон гирифтани шаҳри Қундуз ба таъхир афтодааст, зеро нируҳои ҳукуматӣ интизори нируҳои тақвиятӣ буданд.

Бино ба гузоришҳои хабарӣ, ҳудуди 5000 сарбози афғон, ки дар ҷанги серӯза бо Толибон хаста шудаанд, дар канори шаҳр дар фурудгоҳ ҷамъ шудаанд.

Аз сӯи дигар вуруди нируҳои тозанафас аз вилояти Бағлон ба таъхир афтодааст, зеро Толибон дар роҳ ба корвони ин нируҳо ҳамла бурдаанд.

Сарҳанг Браян Трибас-сухангӯи артиши Амрико гуфт, ки шабона ба нируҳои Толибон ду ҳамлаи ҳавоӣ анҷом гирифтааст ва мушовирони Амрикову НАТО дар минтақаи Қундуз қарор доранд, то ба нируҳои амниятии афғон машварат диҳанд.

Ҳамзамон намояндагони порламони Афғонистон аз Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур хостаанд, ки барои суқути шаҳри Қундуз аз мақомаш истеъфо диҳад.

Саид Зафар Ҳошимӣ-сухангӯи муовини раиси ҷумҳур мегӯяд, президент дастур додааст, ки дар бораи суқути шаҳри Қундуз расидагӣ анҷом бигирад.

XS
SM
MD
LG