Ҳозирҷавобони тоҷик аз миёни 17 дастае, ки дар даври ниманиҳоӣ сабқат, ки аз 22 то 24 сентябр баргузор гардид, дар феҳрасти шаш дастаи беҳтарин шомил шудаанд.
Далер Комилов, сардори дастаи “Новая люди” рӯзи 25 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, рақобатҳои даври финалӣ аз аввали моҳи декабр дар Маркази ҷавонони Маскав – “Планета КВН” оғоз мегардад.
Ин барои аввалин бор аст, ки тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон ба Лигаи марказии Маскав роҳ ёфтанд. Онҳо моҳи феврали соли равон дар сабқатҳои лигаи минтақавии маҳфили "Зарифон" ё КВН рақобат ёфта буданд ва ҳамакнун тавонистанд дар қатори дастаҳои беҳтарин шомил шаванд.
Ёдовар мешавем тими мунтахаби Тоҷикистон, аввалин бор баъд аз 5 сол, имсол дар маҳфили маъруфи байналмиллалии “Зарифон” дар Сочӣ ширкат кард. Гурӯҳи 8-нафараи ҳозирҷавобон, ки қариб ҳамагӣ ҷавонон аз минтақаи Суғди Тоҷикистонанд, ин бор бо дастгирии ҳукумати вилояти Суғд имкони ширкат дар маҳфили байналмиллалии “Зарифон” дар Сочиро пайдо кардаанд.
Ин гурӯҳ, солҳои қаблӣ чандин бор дар сабқатҳо миёни кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ширкат карда, соли 2013 миёни 13 гурӯҳ дар Бишкек мақоми дуввумро касб карда буд. Аммо ба далели имконоти маҳдуди молӣ ва набуди сарпараст, харҷи ширкат дар чунин маҳфил аз кисаи худи бачаҳо пардохт мешудааст.