Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси вожаи "хар" дар баҳси Идораи об бо журналист


Мурофиаи додгоҳии Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон" бо корхонаи "Обу корези Душанбе", ки 8 сентябр пас аз таваққуфи якҳафтаина аз сар гирифта шуд, бо ба ташхиси забоншиносӣ фиристодани мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” ба поён расид. Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Ҳасан Шокирзода дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, "бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҷониби Идораи “Обу корез” – и шаҳри Душанбе истифодаи калимаи “хар” дар сарлавҳаи мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?”- ро нисбат ба худ таҳқир медонад, додгоҳ ба ин натиҷа расид, ки он барои ташхиси забоншиносӣ фиристода шавад". Ба ин далел мурофиаи додгоҳӣ дар ин баҳс то 17 сентябр ба таъвиқ гузошта шуд.

Шарҳи бештари қазия дар инҷост

XS
SM
MD
LG