Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали дар ҳоли фирор. Ҳоҷӣ Ҳалим кист?


​Генерал-майор Абдуҳалим Назарзода аз генералҳоест, ки парвардаи на ягон мактаби низомӣ, балки аз "бача"-ҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд.

Генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, аз ангуштшумор намояндагони Иттиҳоди собиқи нерӯҳои мухолифин буд, ки тавонист, худро то соли 2015 дар ҳукумат ҳифз кунад. Абдуҳалим Назарзода аз он фармондеҳони худрӯест, ки парвардаи на ягон мактаби низомӣ, балки ба истилоҳ аз “бача”-ҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонанд.

Ӯ соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаводаи коргар ба дунё омада, дар кӯчаи Қаротегин дар як канори шарқии шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Дар давраи Шӯравӣ Абдуҳалим Назарзода ду сол дар корхонаи нассоҷӣ ва баъди адои хидмати ҳарбӣ ду соли дигар дар “Курортстрой” кор карда, аз соли 1986 мудири анбори “Межоблагропром” будааст.

Нахустин маълумоти олии Абдуҳалим Назарзода – дипломи Академияи низомии Ситоди кулли артиши Русия – аз соли 2007 аст, ки ӯ 43 сол дошт ва маълумоти дуввуми олиаш – дипломи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – аз соли 2009, ки Абдуҳалим Назарзода аллакай ба синни 45 расида буд.

Исми Абдуҳалим Назарзода бори аввал дар баҳори соли 1992, вақте матраҳ шуд, ки дар баробари ду майдони Шаҳидону Озодӣ гурӯҳе аз ҷавонон дар майдони назди ҳайкали Садриддин Айнӣ дар маҳаллаи “Садбарг”-и пойтахт “митинги ҷавонони Душанбе”-ро ба роҳ андохтанд. Маҳз пайвастани аҳли ин гирдиҳамоӣ ба майдони Шаҳидон дар моҳи майи соли 1992 таносуби нирӯҳоро ба нафъи майдони Шаҳидон гардонд.

Баъди пирӯзии майдони Шаҳидон Абдуҳалим Назарзода дар қатори онҳое, ки дар пирӯзии аҳли ин майдон саҳм доштанд, сафари Ҳаҷ кард ва аз он ба баъд бо номи “Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф шуд.

Ҳамсафони собиқаш мегӯянд, Ҳоҷӣ Ҳалим дар рӯёрӯиҳои соли 1992 дар водии Вахш ва сипас дар ҷараёни мудофиаи Душанбе аз ҷангиёни Фронти халқӣ фармондеҳи гурӯҳеро бар ӯҳда дошт, ки асосан ҷангиёни зодаи кӯчаи Қаротегин ва маҳаллаҳои атрофи онро муттаҳид мекард. Бино ба нақли як размандаи собиқи мухолифин, “Ҳоҷӣ Ҳалим худ шикорчӣ буд ва дар ҷангҳои соли 1992 бо як камони шикорӣ ҷанг мекард. Чун хеле мерган буд, зуд нуфуз пайдо кард ва ба истилоҳи он замон “қумандон” шуд.”

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Аммо дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Ҳоҷӣ Ҳалим ба фарқ аз фармондеҳони дигари мухолифин ба ҷанг идома надод, балки ба Қазоқистон фирор кард ва то соли 1997 онҷо ба тиҷорат машғул буд. Ӯ соли 1997, баъди имзои созишномаи сулҳ бо як корвони мошинҳои “Ҷип” аз Қазоқистон ба Душанбе баргашт ва ба Кумиссиюни оштии миллӣ, ки ба раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар меҳмонхонаи “Вахш” фаъолият дошт, аз ин корвон 10 мошин тӯҳфа кард.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба дунбол фармондеҳии баталйони 25-умро, ки мебоист аз ҳисоби ҷангиёни мухолифин ташкил мешуд, ба Ҳоҷӣ Ҳалим супурд ва ба вай якбора унвони полковник доданд.

Интисоби Ҳоҷӣ-Ҳалим ба фармондеҳии баталйони 25 вокуниши манфии фармондеҳони дигари мухолифинро ба бор овард. Онҳо мегуфтанд, раҳбарони

Саид Абдуллоҳи Нурӣ
Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба хотири манфиати молӣ нақши онҳоеро, ки дар ҷабҳаҳо хун рехтанд, нодида гирифтанд ва баталйони 25-умро ба нафаре доданд, ки тайи 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар хориҷ “Сникерс” хӯрда мегашт.

Аммо Ҳоҷӣ Ҳалим бо онки маълумоти низомӣ ва таҷрибаи зиёди ҷанг надошт, ба гуфтаи дӯстонаш, аз маҳорати пешбурди музокира ва мутақоид сохтани ҷонибҳои муқобил бархӯрдор буд. Ҳамин маҳорат боис шуд, ки ӯ дар марҳалаи аввал фармондеҳони аз интисоби вай норозии мухолифинро ба худ моил ва ҳатто дӯст кунад. Ҳамин маҳорат буд, ки ба фарқ аз намояндагони дигари мухолифин, ки пушти ҳам ибтидо барканор ва ба дунбол ё зиндонӣ ё кушта шуданд, Ҳоҷӣ Ҳалим тавонист то соли 2015 худро дар ҳукумат ҳифз кунад ва ҳатто соҳиби мансабҳои баландтар шавад.

Баталйони 25, ки дар вазорати дифоъ ҳамчун қисми низомии 31001 сабт шуда буд, бо хатми низоъҳои мусаллаҳона ва ором шудани вазъ барҳам хӯрд, вале Абдуҳалим Назарзода дар вазорати дифоъ монд. Ӯ дар ин миён дар соли 2007 Академияи низомии Ситоди кулли артиши Русия ба номи Михаил Фрунзеро хатм кард, чандин сол раҳбарии раёсати амнияти дохилӣ (СБ)-и вазорати мудофиаро бар ӯҳда дошт, соҳиби унвони генерал-майор шуд ва дар моҳи январи соли 2014, баъди бознишаста шудани намояндаи дигари мухолифин Ғайрат Адҳамов муовини вазири дифои Тоҷикистон таъин шуд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Дар ин байн ду дафъа исми Ҳоҷӣ Ҳалим расонаӣ шуд ва ҳарду дафъа дар робита ба моҷароҳои сиёсӣ. Дар соли 2012 Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, яке дигар аз фармондеҳони собиқи мухолифин ва раиси пешини Ҳизби демократ, ки дар соли 2004 ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст, иддао кард, ки дар истирдоди то ҳол мармузи ӯ аз Маскав ба Душанбе Ҳоҷӣ Ҳалим даст дошт. Ба дунбол, Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши “Ватандор” даъво кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи нобуд кардани намояндагони аршади мухолифин дар хориҷ гурӯҳи вижае ташкил додааст ва гӯё Ҳоҷӣ Ҳалим барои иҷрои ин барнома 1 миллион доллар гирифтааст.

Ин бори аввал буд, ки Абдуҳалим Назарзода яхи ҷудоияаш аз матбуотро шикаст ва дар мусоҳибае дар моҳи январи соли 2013 бо Радиои Озодӣ даъвои ҳам Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳам Додоҷони Атовуллоҳро башиддат рад кард. Ӯ ҳатто гуфт, омода ҳаст, бо Додоҷони Атовуллоҳ дар ҳар макони барои ӯ муносиб рӯбарӯ шавад ва бепоя будани иддаояшро собит кунад.

Ҳамзамон аз Абдуҳалим Назарзода ба унвони тоҷири муваффақ ҳам ном мебаранд. Як шарики тиҷориаш аз бизнесҳои Ҳоҷӣ Ҳалим дар Тоҷикистон чунин қисса кард: “Вақте соли 1997 баргаштем, Ҳоҷӣ Ҳалим бо пули зиёде баргашта буд. Он давронии хусусигардонии корхонаҳои давлатии бекормонда буд ва Ҳоҷӣ бо бародаронаш корхонаи якуми нонпазии Душанбе дар гардиши фурудгоҳ, фабрикаи мурғпарварии Кофарниҳон ва даҳҳо корхонаи дигарро хусусӣ карда гирифтанд. Фақат ҳамин фабрикаи мурғ баъди фурӯхтанаш ба эрониҳо ба Ҳоҷӣ чанд миллион доллар фоида овард. Одами доро буд. Ба қавли мо, тоҷикҳо, хеле тинҷ буд.”

Аммо ҳаводиси рӯзи 4 сентябр ба ҳамаи ин равнақи ҳам тиҷорату ҳам карйераи ин генерали 51-сола нуқта гузошт. Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе Вазорати корҳои дохилӣ масъулияти раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши Ҳоҷӣ Ҳалим бор кард ва гуфт, ӯ бо ҷамъе аз силоҳбадастони дигар ба дараи Ромит фирор кардааст. Худи ҳамон рӯз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Абдуҳалим Назарзода бо тавҷеҳи нодири “бинобар содир кардани ҷиноят” аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор карда шуд.

Дар гузоришҳои вазорати корҳои дохила Абдуҳалим Назарзода узви Ҳизби наҳзати исломӣ муаррифӣ мешавад, вале ин ҳизб, ки дар рӯбарӯи хатари басташавӣ қарор дорад, мегӯяд, Назарзода баръакс аз ҷумлаи 12 фармондеҳи собиқи мухолифин буд, ки зери номаи дастаҷамъӣ бо талаби бастани ин ҳизбро имзо карда буд.

Ва аммо то ҳанӯз рӯшан нест, ки генерал Абдуҳалим Назарзодаро дар замоне ки дар мақоми хеле баланди муовини вазири дифоъ менишаст ва тиҷоратҳояш низ ӯро аз нигоҳи молӣ хеле бениёз гардонда буданд, чӣ маҷбур кард, то ин ҳамаро пушти по гузошта, дигарбора гурӯҳи мусаллаҳ сохта, ба кӯҳу пушта барояд.

Зимнан дар ҳамон мусоҳиба хабарнигори Озодӣ ин суолро ҳам аз Абдуҳалим Назарзода пурсид, ки “фикр намекунед, ки рӯзе мерасаду сарнавишти Шумо ҳам ба мисли фармондеҳони собиқ давр мехӯрад?” Абдуҳалим Назарзода дар посух таъкид кард, “Мирзо Зиёев аст, Мулло Абдулло, ё Раҳмон Сангинов - ҳар кадоми онҳо барои корҳои кардаи худашон ҷавоб доданд.” Вале дар идома Абдуҳалим Назарзода инкор накард, ки чунин рӯз метавонад ба сари ӯ ҳам биояд: “Русҳо мегӯянд, ки “аз зиндон касе суғурта нашудааст”. Бародароне бошанд, ки тӯҳматат кунанд, дӯстоне бошанд, ки туро фурӯшанд, чаро бадтарин рӯз ҳам ба сари кас наояд? Ин зиндагӣ аст, ҳарчӣ мешавад. Аммо бо боварӣ мегӯям, ки агар маро ба номардӣ нагиранд, бо мардӣ муттаҳам карда наметавонанд.”

Дар ҳар сурат, агар Маҳмуд Худойбердиев ва Толиб Аёмбековро, ки ҳамагӣ полковник буданд, сарфи назар кунем, Абдуҳалим Назарзода дар пайи Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва Мирзо Зиёев, генерали панҷуми тоҷик аст, ки ба қасди балвои низомӣ алайҳи ҳукумат айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG