Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистонро, ки ба ришвахорӣ муттаҳам мешуд, аз толори додгоҳ озод кард. Вале нафари миёнараве, ки боздошти муфаттиш ба иттиҳоми гирифтани пора бар пояи шикояти ӯ сурат гирифта буд, ба ду соли зиндони шартӣ маҳкум шуд.
Муҳаммад Назриев, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе моҳи январи соли ҷорӣ бо иттиҳоми гирифтани 10 ҳазор доллар пора барои "ёрдам" ба ду гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд. Додгоҳ Муҳаммад Назриевро бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ӯро ба андозаи 700 нишондиҳанда, баробар ба 28 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва барои ду сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳрум кард.
Аммо додгоҳи Исмоили Сомонӣ Манучеҳр Абдураҳимовро, ки боздошти Муҳаммад Назриев бар асоси шикояти ӯ сурат гирифта буд, ба ду соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Хуршед Исозода, додраси парванда гуфт, Абдураҳимов бар асоси қисми якуми моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ, ки "ҷавобгарии ҷиноятиро барои додани пора шахсан ба шахси мансабдор пешбинӣ мекунад", муҷозот шудааст. Дар посух ба ин суол, ки чаро нафари муттаҳам ба ришвагирӣ бо ҷарима “халос” хӯрду шикоятгар маҳкум шуд, додрас гуфт, "чунки Манучеҳр Абдураҳимов шахси мансабдорро барои гирифтани пора таҳрик додааст".
Ин дар ҳолест ки дар шарҳи ҳукми додгоҳ, ки нусхааш дар дасти Радиои Озодӣ низ ҳаст, омадааст, рӯзи 8 январ, дар пайи боздошти ду нафар – Рустам Тағойназаров ва Хуршед Саидов - бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир бародарони Тағойназаров аз Манучеҳр Абдураҳимов хостаанд, то барои раҳоии ӯ кумак кунад. Абдураҳимов ба навбати худ ба муфаттиш Назриев муроҷиат кардааст: "Назриев М. аз бегуноҳӣ ва ҷавоб додани Тағойназаров Р.А. огоҳ шуда, бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, аз фурсати муносиб истифода бурда, Абдураҳимов М -ро ба утоқи кориаш даъват намуда, дидаю дониста, бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии охирин даромада, иброз менамояд, ки кормандони оперативӣ барои озод намудани Тағойназаров Р маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 7200 долларро ба сифати пора гирифтааст.”
Муҳаммад Назриев дар моҳи январ аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дастгир шуда буд. Бо он ки додгоҳ Муҳаммад Назриев, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсиро бо пардохти ҷарима ва баргардонидани маблағи “пора” ба ҷабрдидаҳо сафед кардааст, аммо дар баробари ин мавридҳое ба чашм мерасанд, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ба иттиҳоми порагирӣ боздошту зиндонӣ шудаанд.
Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи 20 кишвари фасодзадатарини дунё ҷой гирифтааст. Ниҳодҳои Вазорати умури дохила ҳамеша дар ҷумлаи идораҳои давлатии фасодзадаи ин кишвар ном бурда мешаванд ва ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошти афсарони милиса ва муфатишони тоҷик бо гумони даст доштан дар фасод хабарҳо ба гӯш мерасанд.
Дар панҷ соли ахир Оҷонсии мубориза бо фасод ҳамроҳ бо Додситонии кулл ва вазорати умури дохилӣ ба тоза кардани сафҳояшон аз кормандони “порахӯр”ва “тасодуфӣ” иқдом карданд. Танҳо дар ду соли ахир Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти чандин маъмурони ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки ба гирифтани ришва мутаҳҳам мешаванд. Аз ҷумла се афсари раёсати корҳои дохилии пойтахт - майор Маҳмадулло Ҳикматов, лейтенанти калон Нозим Рӯзиев ва лейтенант Азизхоҷа Халилов дар назди тарабхонаи “Вохӯрӣ”-и пойтахт дар лаҳзаи ситонидани 400 доллар аз ду сокини пойтахт боздошт шуданд.
Моҳи апрели соли 2014 Оҷонсии зидди фасод подполковники милиса Бегмурод Зиёевро боздошт кард, ки ҳангоми бозпурсӣ аз донишҷӯи факултаи иқтисоди ҷаҳон ва маркетинги Донишгоҳи технологӣ Акмал Маҷнунов, ки ба фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) гумонбар мешуд, барои раҳоияш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 2000 доллар талаб кардаҳангомигирифтани 800 доллар дастгир шуд. Муфаттиши Раёсати корҳои дохилии минтақавии Кӯлоб Миралӣ Мирзоевдар ҳоле аз суи мақомот боздошт шуд, ки ба Саидмуҳаммад Нуров сокини ноҳияи Восеъ ки бо ҷурми авбошии гуруҳӣ айбдор мешаванд, «барои кам кардани гуноҳ" аз ӯ 1000 доллар талаб кардааст.
Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар шаш моҳи соли 2015 барои риоя накардани қонун ва интизоми хизматӣ, 977 корманди сохторҳои корҳои дохилӣ муҷозоти интизомӣ гирифта ва аз ин теъдод 187 нафар аз кор озод гардидаанд. Аммо оморе дар ин бора ки оё чанд корманди мақомоти интизомӣ бо ҷурми ришвахорӣ ва ҷиноятҳои дигар маҳкум ба зиндон шудаанд, дастрас нест.