Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон бе медал монданд


​​Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон аз медалҳо бенасиб монданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ, ки дар пойтахти Қазоқистон – Остона – рӯзи 29 август ба поён расид, аз медалҳо бенасиб монданд. Рӯзи шанбе боз ду варзишгари тоҷик дар вазни сангин қувваозмоӣ карда, ба нокомӣ дучор шуд. Дар даври аввал Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кг аз Герго Фогасу (Маҷористон) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз Ислом Ал-Шаҳобӣ (Миср) шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, аз байни ҳашт паҳлавони тоҷик танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон натиҷаи хубтар нишон дод ва мақоми панҷумро касб кард. Вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Каролис Бауза аз Литва, дар даври дувум бар Исао Карденас аз Мексика, дар даври севум бар Ноел Ван Т Энд аз Ҳолланд ва дар даври чорум бар Арон Ҳилдебрант аз Олмон пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Комроншоҳ дар нимфинал аз Донг Ҳан Гвак аз Куриёи Ҷанубӣ шикаст хӯрд. Комроншоҳ ба иллати латхӯрӣ аз мубориза барои ҷои севум даст ва рақиби шашуми ӯ - Машу Бакери ҷопонӣ ғолиб дониста шуд ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар вазни зери 90 кг барои ҷои севум, инчунин гуштигири гурҷӣ Варлам Либартелианӣ бар ҳамватани худ Бека Гвиниашвилӣ ғолиб омад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бошад, Донг Ҳан Гваки куриёӣ бар Кирилл Денисови русиягӣ пирӯз шуд ва ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт.

Пеш аз Комроншоҳи Усопириён панҷ варзишгари тоҷик - Умед Абдураҳимов (66 кг),Кароматулло Ҳакимов ва Шӯҳратҷони Фархизода (ҳарду дар вазни 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду дар вазни 81 кг) дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Умед Абдураҳимов рӯзи 25 август дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Марко Викисевич (Сербия) мағлуб шуд. Рӯзи 26 август боз ду намояндаи Тоҷикистон ба нокомӣ дучор шуд. Кароматулло Ҳакимов, ки дар аввалин рақобати худ бар Неоклис Скоуромоунис (Кипр) дастболо гардид, дар даври баъдӣ аз Ням-Очир Саинҷаргал (Муғулистон) шикаст хӯрд. Шӯҳратҷони Фархизода низ баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҷосуа Депрез (Гаити), дар даври дувум қувваозмоиро ба Ҷаромир Ҷезек (Ҷумҳурии Чех) бохт.

Рӯзи 27 август Саидҷамол Алимардонов бар Свейнбҷом Иура (Исландия) ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Ласло Сокнял (Маҷористон) шикаст хӯрд. Фарҳод Раҳимов бошад, дар нахустин рақобати худ аз Травис Стевенс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) мағлуб гашт.

Дар ин мусобиқа 729 гуштигир (432 мард ва 297 зан) аз 120 кишвари ҷаҳон барои 14 маҷмӯи медалҳо дар сабқати инфиродӣ байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза бурданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Ҷопон бо касби 15 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Фаронса бо 6 медал (2-2-2) дар ҷойи дувум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 5 медал (2-0-3) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо ҷойи 5-уми Комроншоҳи Устопириён дар байни 120 кишвар мақоми 25-умро соҳиб шуд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро пурра намоянд. Барои медали тилло 900 имтиёз дода шуд, ки ин аз “нархи” ғолиби олимпӣ ҳамагӣ 100 имтиёз камтар аст. Барои медали нуқра 540 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 360 имтиёз дода шуд. Ба ҷуз ин, маблағи ҷавоизи сабқати инфиродӣ 300 ҳазор доллар ва сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии дзюдо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани дзюдо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кг ба даст овардааст.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрмонии ҷаҳон дар Остона:

Мардон
60 кг
1. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)
2. ИБРАЕВ Рустам (Қазоқистон)
3. КИМ Вон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ШИШИМЕ Тору (Ҷопон)

66 кг
1. АН Баул (Корея Ҷанубӣ)
2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. ПОЛЛАК Голан (Исроил)
3. СОБИРОВ Ришод (Узбакистон)

73 кг
1. ОНО Шохей (Ҷопон)
2. НАКАЯ Рики (Ҷопон)
3. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. САИНҶАРГАЛ Ням-Очир (Муғулистон)

81 кг
1. НАГАСЕ Таканори (Ҷопон)
2. ПИЕТРИ Люк (Фаронса)
3. ПЕНАЛБЕР Виктор (Бразилия)
3. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)

90 кг
1. ГВАК Донг Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ДЕНИСОВ Кирилл (Русия)
3. БАКЕР Машу (Ҷопон)
3. ЛИПАРТАЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)

...5. УСТОПИРИЁН Комроншоҳ (Тоҷикистон)

100 кг
1. ХАГА Рюносуки (Ҷопон)
2. ФРЕЙ Карл-Ричард (Олмон)
3. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)
3. ПЕТЕРС Дмитри (Ҷопон)

+100 кг
1. РИНЕР Тедди (Фаронса)
2. ШИЧИНОХЕ Рю (Ҷопон)
3. ХАММО Якив (Украина)
3. ОКРУАШВИЛИ Адам (Гурҷистон)

Занон
48 кг
1. ПАРЕТО Паула (Аргентина)
2. АСАМИ Харуна (Ҷопон)
3. ҶЕОНГ Бо Кеонг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. КОНДО Ами (Ҷопон)

52 кг
1. НАКАМУРА Мисато (Ҷопон)
2. ЧИТУ Андреа (Руминия)
3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)
3. СКРИПНИК Даря (Беларус)

57 кг
1. МАТСУМОТО Каори (Ҷопон)
2. КАПРИОРУ Корина (Руминия)
3. ДОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)
3. ПАВИЯ Аутомне (Фаронса)

63 кг
1. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)
2. АГБЕНЕНУ Кларисс (Фаронса)
3. ТАШИРО Мику (Ҷопон)
3. СЕДЕВСУРЕН Мунхзая (Муғулистон)

70 кг
1. ЭМАНИ Геврис (Фаронса)
2. БЕРНАБЕУ Мариа (Испания)
3. АЛВЕАР Юри (Колумбия)
3. ПОСВИТ Фанни Эстел (Фаронса)

78 кг
1. УМЕКИ Мами (Ҷопон)
2. ВЕЛЕНСЕК Анамари (Словения)
3. МАЛЬЗАХ Люси (Олмон)
3. ВЕРКЕР Маринде (Ҳолланд)

+78 кг
1. Ю Сонг (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ТАЧИМОТО Мегуми (Ҷопон)
3. ОРТИЗ Идалис (Куба)
3. ЯМАБЕ Канае (Ҷопон Япония)

XS
SM
MD
LG