Бо ин ҳадаф алакай як гурӯҳи вижае таъсис шудааст, ки вазъи хонаводагии ин зани маълулро омӯхта, барои будубоши беҳтари ӯ дар зодгоҳаш мусоидат хоҳанд кард.
Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор, 27 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд то имрӯз мактуби расмӣ дар мавриди ҷудо кардани қитъаи замин ба онҳо ворид нашудааст, аммо дар пайи суҳбати телефонии масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила, ҳукумати ноҳия тасмим гирифтааст, ба Амрия 8 сотих замин диҳад. “Новобаста аз он ки ин духтар дар қайди ноҳияи Фархор нест ва ӯ дар ҳоли ҳозир истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аст, мо гуруҳи корӣ таъсис додем то аз наздик бо аҳли хонаводаи онҳо шинос шаванд. Азбаски ин духтар маъюб аст, ҳатман ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунем,” -- гуфт раиси ноҳия.
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле ба қазияи Амрия Холиқоваи маълул таваҷҷӯҳ карданд, ки ин зан бинобар мушкилоти зиндагӣ як бор даст ба худкушӣ зад ва ҳоло бо як писари маъюбаш макони муайяне надорад.
Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам як моҳи пеш гуфта буд қазияи Амрияро пайгирӣ ва талош мекунанд, ба ӯ дар танзими зиндагиаш кумак кунанд. Марҳабо Олимӣ, муовини раҳбари Кумитаи кор бо занон 27 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод тибқи ваъда ва тавони кумита ба Амрия Холиқова ёрӣ кардааст.
Ба қавли Олимӣ, бо кумаки Кумитаи кор бо занон писари чаҳорсолаи Амрия, ки маъюби гурӯҳи дуюм аст, ба боғчаи бачагонаи рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қабул шуда, инчунин, ба ӯ 300 сомонӣ кумаки якдафъаина додааст. Дар баробари ин, масъулони ин ниҳод азҳукумати ноҳияи Фархор дархост кардаанд, ба ин зани маъюб қитъаи замин ҷудо кунад.
Аммо муовини раҳбари Кумитаи занон гуфт, барои бо ҷои кор таъмин кардани ӯ муваффақ нашуданд, зеро Амрия аз онҳо хоҳиши кор дар фабрикаи “Шириниҳои Шарқ”-ро кардааст. Дар ҳоле ки ин корхона хусусӣ аст, масъулони кумита натавонистанд, корфармоҳоро маҷбур кунанд, то Амрияро ба кор бигиранд. “Агар ин духтар иллати маъюбӣ намедошт, шояд имкони пайдо кардани ҷои кори дилхоҳаш осонтар мебуд. Мутаассифона, ин корхона хусусӣ аст ва Кумитаи занон салоҳияти маҷбур карданро надорад. Мо ҳоло алтернатива пешниҳод мекунем, ки вобаста ба хоҳишу имкониятҳояш бошад. Бояд хоҳиши корфарморо низ ба назар гирифт. Дар мавриди қитъаи замин раиси ноҳияи Фархор ваъда дод, ки иҷро мешавад,” -- гуфт дар идома Марҳабо Олимӣ.
Вале ин ҳамсӯҳбати мо ба суоли он ки кумитаи занон имкони кумаки доимӣ ба ин ҷавонзанро дорад, посухи рад дод ва гуфт, буҷаи ниҳоди онҳо барои ин кор кифоят намекунад.
Худи Амрия мегӯяд, дар пайи зиндагии каме беҳтар омодааст кор кунад ва фарзандашро ба воя расонад. Ҳарчанд Амрия то ҳол маконе барои зистан надорад ва ҷои кори мувофиқе пайдо накардааст, аммо аз дастгирии масъулони Кумитаи кор бо занон изҳори сипос мекунад. Зеро мегӯяд ин ҷавонзан, “бо вуҷуди он ки ягона фарзандам иллати модарзодӣ дошта маъюб аст, аммо бо кӯдакони солим дар боғча ба тарбия фаро гирифта шуд”. Ӯ гуфт, то охирин лаҳзаҳо талош хоҳад кард, ягона писараш савод омӯзад ва ӯро, ки “як модари танҳову дар ба дар аст” соҳибӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол мураббии писари Амрия гуфт, ҳарчанд ин боғча кӯдакони солимро фаро мегирад, аммо маъмурияти кӯдакистон писари Амрияро, ки маъюби гуруҳи дуюм аст, ба таври истисно қабул карданд ва ҳоло онҷо тарбия мегирад.
Амрия мегӯяд, қисмати талхаш бархе аз соҳибкоронро бетараф нагузошт. Ва пас аз нашри матлаб дар бораи ӯ, раҳбари бозори “Саховат” дар як қисмати ин бозор қитъаеро ҷудо кардааст, то ӯ дар он онҷо кор кунад. Амрия ҳам тасмим дорад, дар ин гӯшаи бозор як ошхонаи хурдакак кушояд ва осиёби зиндагияшро бичархонад. Аммо барои ин кор, ӯ сармояи кофиро дар даст надорад. Вай мегӯяд, “барои он ки корро шурӯъ кунам, бояд мизу курсӣ, деги хот-догпазӣ ва яхдон дошта бошем”.
Амрия мегӯяд, барои ин аз масъулони кумитаи занон кумак хост, аммо онҳо гуфтанд, дар буҷаи худ барои харидани ин таҷҳизот маблағ надоранд ва танҳо метавонанд ду ҳазор сомонӣ ба ӯ қарз диҳанд, то ӯ пас аз оғози тиҷорати хурдаш қарзро бозпас гардонад. Ин ҷавонзан умед дорад бо пайдо шудани соҳибкоре ӯ корашро дар ин гӯшаи бозор шурӯъ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки то замони нашри матлаб дар Радиои Озодӣ ин ҷавонзан ба камияш аз чор идораи давлатӣ - Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ, Ҳукуматҳои шаҳри Душанбеву ноҳияи Фархор ва дастгоҳи раисиҷумҳурӣ -кумак хостааст. Аммо ниҳоде ба дархости ӯ посухи мусбат надод.
Амрия Холиқова дар деҳаи Шарафи ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва соли 2008 ба шавҳар баромад. Аммо баъди таваллуди фарзанд, вақте иллатҳои ҷисмонии модар дар фарзанд мушоҳида шуданд, шавҳараш ӯро талоқ дод ва ба Русия рафт.