Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози пойгоҳи Русия "таксист"-и тоҷикро захмӣ кардааст


Дмитрий Толстой -- сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон барои бо зарби корд маҷруҳ кардани Тоҳир Султонов -- ронандаи таксӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа муттаҳам мешавад.

Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-и Русия, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, як ронандаи таксӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлонро бо зарби корд маҷруҳ кардааст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон рӯзи 25 август гуфт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар рух дода, ҳоло Дмитрий Толстой дар боздошт ба сар мебарад.

Манбаъ афзуд, алайҳи ин сарбози пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, таҳқиқи қазия идома доштааст. Як мақоми пулиси ноҳияи Бохтар гуфт, онҳо сарбози русро аз ҷойи ҳодиса боздошт кардаанд.

Маҳмадраҷаб Султонов, падари ронандаи таксӣ Тоҳир Султонов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш агарчӣ ба ҳуш омадааст, аммо 15 зарби корд ӯро азият медиҳад. Ӯ дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ будааст. Табибон мегӯянд. ки Султонов дар вазъияти вазнин ба бемористон интиқол ёфта, ҷарроҳиро аз сар гузарондааст.

Падари ронанда гуфт, "мунтазири шарҳи расмӣ ҳастем, то сабаби захмӣ шудани писарамро бифаҳмем. Худи Тоҳир ба ҳуш омадааст, аммо мадори шарҳ додани қазияи захмӣ шуданашро надорад." Тоҳир Султонов, ки соҳиби як фарзанд аст, бештар дар маркази Қӯрғонтеппа ва ё роҳи Қӯрғонтеппа - Душанбе кирокашӣ мекардааст.

То ҳол далели кордзании Дмитрий Толстой ба Тоҳир Султонов мушаххас нест, аммо тайи як соли охир ин ҳодисаи дуюми ҳамлаи сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ронандаҳои таксӣ дар кишвар аст. Соли гузашта мақомот ду сарбози рус - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам карданд ва ҳоло мурофиаи онҳо идома дорад.

Федор Басимов дар додгоҳ
Федор Басимов дар додгоҳ

​Ин ду сарбози пойгоҳи Русия рӯзи 26 августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.

Дар лаҳзаҳои аввали боздошт масъулони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки Илдар Сахапов ва Федор Басимов бемории равонӣ доранд ва моҳи октябри соли гузашта онҳо барои ташхис ба бемористоне дар Екатеринбург фиристода шуданд. Ин ташхис, ки беш аз як моҳ идома кард, бемори равони будани ин ду сарбози русро рад намуд ва сипас онҳо боз ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо наздик ба 7 ҳазор сарбозу афсари худ дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудааст. Моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбе мӯҳлати будубоши сарбозони рус дар қаламрави Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид карданд. Дар иваз Русия мебоист дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак кунад. Бино бар созишнома, ин пойгоҳ ҳимояи манфиатҳои Русия ва якҷо бо артиши Тоҷикистон амнияти ин кишварро таъмин мекунад. Ду тараф онро омили таъмини субот ва амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳоле, ки ҳукуматҳои шарик ҳузури пойгоҳҳои низомии давлатҳои хориҷиро дар хоки худ иҷозат медиҳанд, дар бисёр ҳолатҳо ин масъала мавриди нороҳатӣ ва гоҳо асабонияти аҳолии маҳаллӣ мешавад. Александр Голтс, муҳаррири нашрияи интернетии “Ежедневный журнал“ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, омори ҷинояткорӣ дар пойгоҳҳои низомии Русия аз иттилоест, ки ҳеҷ гоҳ ба матбуот роҳ намеёбад. Вай мегӯяд, таҷаммӯи мардони ҷавон дар як маҳал хоҳу нохоҳ ба чунин ҳолатҳо сабаб мешавад. Бо ин вуҷуд, мегӯяд вай, масъала танҳо ба хотири ба матбуот роҳ ёфта бузург шуданаш мавриди таваҷҷӯҳи бештар қарор мегирад.

Коршиноси дигар - Александр Храмчихин, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи таҳлили сиёсиву низомӣ мегӯяд, ҳеҷ сабаби “болоравии асабонияти низомиёни русро дар Тоҷикистон” намефаҳмад. Вай мегӯяд, танҳо тахмин зада метавонад, ки маъмулан барои хизмат дар пойгоҳҳои низомии Русия дар хориҷа “бадтаринҳоро” мефиристанд. Дар ҳайати пойгоҳҳои низомии Русия дар хориҷа маъмулан сарбозони қарордодӣ хизмат мекунанд ва рафтору интизоми онҳо аз низомиёни касбӣ фарқ мекунад, мегӯянд коршиносон. Ҳарду таҳлилгар ҳам мегӯянд, аз лиҳози таъминоти молӣ ва дарёфти саривақти маош, ҳатто дар шароити кунунии бӯҳронии иқтисоди Русия, пойгоҳҳои ин кишвар дар хориҷа ҳеҷ мушкиле надоранд. Пардохти заҳматҳои онҳо сари вақт анҷом мешавад ва тахмин задани ин ки гӯё сарбозон бо сабаби таъхир дар маошашон дучори асабонияту нороҳатӣ шудаанд, дуруст нест, мегӯянд таҳлилгарон.

XS
SM
MD
LG