Бонки Осиёии Рушд ё ADB зуд-зуд ҷойивазкунии раисон ё афроди калидӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро яке аз монеаҳои аслӣ дар рушди кишвар номидааст. Ин нуктаро Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ барои татбиқи стратегияаш дар тӯли солҳои 2016-2020 дар Тоҷикистон баён кард.
Ин бонк, инчунин, "имконоти маҳдуди буҷа ва дастрасии ночиз ба бозорҳои молиявиро" аз мушкилоти дигар барои рушди Тоҷикистон донист. Бонки Осиёии Рушд қасд дорад, ки дар чаҳор соли оянда сармоягузориҳояшро барои рушди бизнес ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бештар намояд.
Буадокфенг Чансават, мутахассис оид ба идораи бастаи сармоягузориҳои дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон зимни муаррифии стратегияи нави ин бонк барои солҳои 2016−2020 гуфт, то ба ҳол ин бонк барои рушди арсаи энержии кишвар 400 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Вале акнун сармоягузориҳояш дар бахши энержӣ ва нақлиётро то 55 дарсад коҳиш хоҳад дод.
Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, дар се соли оянда ба буҷаи давлатии Тоҷикистон 100 миллион доллар ёрӣ хоҳад кард ва ин миқдор пул барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, тиҷорат ва таҳсили касбии ҷавонон сарф хоҳад шуд.
Аз соли 1998 то кунун ин бонк 13 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи онҳо 905 миллион доллари амрикоӣ буда, 75 дарсадашон грант ҳастанд. Аммо бар асоси арзёбии коршиносони бонк, яке аз ин барномаҳо "бисёр муваффақ", нӯҳ барномаи дигар "муваффақ" ва ду барнома "номуваффақ" будаанд.