Тоҳирҷон Муъминов, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи олии Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб -таъин гардид. Вай дар ин вазифа Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро, ки баъди анҷоми давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон истеъфо дод, иваз кардааст.
Тоҳирҷон Муъминов, ки баъди нокомии «Хайр»-и Ваҳдат дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз вазифаи сармураббии ин даста сабукдӯш гардид, ба бошгоҳи “Равшан” даъват шуд.
“Равшан” бо раҳбарии Тоҳир Муъминови 45-сола рӯзи 8 август дар бозии даври11-уми чемпионати Тоҷикистон дар майдони худ бо «Барқи тоҷик»-и Душанбе рақобат мекунад. “Равшан” дар айни ҳол бо 17 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи панҷум қарор дорад.
Шарҳи ҳол
Тоҳирҷон Мӯъминов соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои мухталиф дар дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Энергетик”-и Душанбе ва “Наврӯз”-и Андиҷон бозӣ кардааст. Аз соли 1992 то соли 2001 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.
Тоҳирҷон Муъминов ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои “Энергетик”, “Вахш”, “Хайр”-и Ваҳдат ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ ахири моҳи сентябри соли гузашта аз вазифаи сармураббии дастаи “Энергетик” сабукдӯш шуда буд. Баъдан сармураббии “Вахш”-и Қӯрғонтеппа таъин шудааст. Ӯ, инчунин, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси сармураббии яке аз бошгоҳҳои футболи ин кишвар кор кардааст. Баъди он ки аз вазифаи сармураббии “Хайр” сабукдӯш шуд, ӯ дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба вазифаи сармураббӣ таъин гардид.