Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 қочоқбар дар марзи Тоҷикистон кушта шуданд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки як гурӯҳи қочоқчии фаромарзиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон “хунсо” кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон 4 август гуфт, ки 5 нафар қочоқбарон дар тирандозие дар назди марз кушта шудаанд. Аз онҳо 330 кило ҳашиш ва аслиҳа мусодира шудааст.

Бино ба хабари ин кумита, дар давоми ҳафтаи гузашта 4 гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон иборат аз 15 нафар талош кардаанд, ки ғайриқонунӣ аз марз бигзаранд. Вале аз талоши онҳо пешгирӣ кардаанд.

Тибқи гузоришҳо, аз марзбонони Тоҷикистон касе кушта нашудааст. Кумитаи амният мегӯяд, ин гурӯҳҳо бо қочоқи маводи мухаддир аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Русия машғул будаанд.

XS
SM
MD
LG