Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»


Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашии даври гурӯҳии мусобиқа барои Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд, ки дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир шуд, 20 дастаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои бонкӣ ширкат хоҳад кард.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”, ки барои бори сеюм барпо мегардад, ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мусобиқаи имсола рӯзи 8 август шурӯъ шуда, як моҳ идома хоҳад кард. Бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешаванд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқаи имсола 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Дастае, ки ҷойи севумро мегирад, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мегардад.

Бар асоси дастур ба мусобиқа бозигарони синнашон аз 24-сола боло роҳ дода мешаванд. Бозигарони дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ҳуқуқи дар ин мусобиқа иштирок карданро надоранд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқаи имсола 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Дастае, ки ҷойи севумро мегирад, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мегардад. Инчунин роҳбарони дастаҳои ҷоизадор ва бозигарону доварони беҳтарин бо ифтихорномаю ҷоизаҳои молӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи ФФТ - Федератсияи футболи Тоҷикистон – дубор барандаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» гардидааст. Ин даста ду бор дар бозиҳои ниҳоӣ бар тими “Вавилон”и Душанбе пирӯз шудааст. ФФТ дар мусобиқаи аввалин соли 2013бар «Вавилон» бо ҳисоби 4:1 ва соли гузашта бо ҳисоби 6-4 ғолиб омадааст.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми КФ «Истиқлол» оид ба футбол хурд:

Гурӯҳи «А»: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, «Динамо», Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Формула успеха», «Спитаменбонк».

Гурӯҳи «В»: «Истиқлол», «Бухоро», «Бонки миллӣ», «Газпром», «Гумрук».

Гурӯҳи «С»: «Ҷаҳоннамо», «Тоҷиксемент», «Фароз», «Ориёнбонк», «Антикоррупсия».

Гурӯҳи «D»: «Вавилон», «Аэропорт», «Агроинвестбонк», Федератсияи футболи Душанбе, «Соро компания».

XS
SM
MD
LG