Даъвати баргаштани ҷавонони Фархор аз сӯи мақомоти маҳаллӣ дар ҳоле натиҷа медиҳад, ки аз ин ноҳияи наздимарзӣ 9 ҷавон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, дар Сурия ва Ироқ меҷанганд ва 3 нафар дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Ба гуфтаи пулиси ноҳия, ҳамаи ин ҷавонон ҳангоми кор дар Русия ба доми тундгароён афтодаанд.
Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор, охири ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон гуфт, бозгашти 2,5 ҳазор ҷавони ноҳия аз муҳоҷирати корӣ маҳсули талошҳои ҳукумат ва шахси ӯ, ба унвони раиси ноҳия аст.
Хонум Раҳимзода афзуд, "ҳатто худи ман низ хона ба хонаи сокинони ноҳия гашта, бо волидайни ҷавонони муҳоҷир даст ба гиребон шудам, то писаронашонро аз Русия ба хотири ифротӣ нашудан ба ватан даъват кунанд. Ин натиҷа дода истодааст."
Ба сурати умум аз ноҳияи Фархор ҳудуди 11 ҳазор нафар дар Русия муҳоҷиранд.
Раиси ноҳияи Фархор мегӯяд, иддае аз ҷавонони баргаштаро ба кор таъмин намудаанд ва бақияро низ соҳиби кор хоҳанд кард. Ҳатто ба иддае аз ин ҷавонон замин дода шудааст, то зиндагияшонро аз ҳисоби кишоварзӣ пеш баранд.
Алишер Рустамов, як ҷавонии фархорӣ, рӯзи 31 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ воқеият доштани хабари баргардондани ҷавонони муҳоҷир аз Русияро тасдиқ кард ва гуфт, ки худи ӯро падару модараш пайваста даъват мекарданд, то ба ватан баргардад. Ҳарчанд ба гуфтаи Алишер намедонистааст, ки ин иқдоми ҳукумати ноҳия аст, аммо ба даъвати волидайн "лаббайк" гуфт ва назди онҳо баргашт.
Алишер мегӯяд, "маро як моҳ пеш модарам ҳар рӯз занг мезад ва мегуфт, ки бояд дигар дар Русия кор накунам. Ман низ ҳайрон шудам ва худ ба худ савол мекардам, чаро модарам ин гапҳоро мегӯяд. Омадам ва фаҳмидам, ки мақомот ба модарам гуфтаанд, бояд аз Русия баргардам. Ҳозир дар ҳамин хона ба кори "Камаз" машғулам ва гоҳе санг мекашам ва гоҳе хок ба сокинон, то рӯзгор гузарад. Агар рӯзгор нагузашт, боз ба Русия меравам."
Алишер танҳо ҷавоне нест, ки бо даъвати волидайн аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст. Дар баробари ӯ садҳо ҷавони дигари фархорӣ ин суханро тасдиқ мекунанд, ки онҳоро волидонашон дар пайи дархости мақомот ба Тоҷикистон даъват кардаанд.
Турсунбой, як сокини деҳаи Сурхоб, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду моҳ пеш падараш ба ӯ пайваста таъкид мекардааст, ки аз ҳар гурӯҳ ва одамони ба "роҳи Худо" даъватмекарда худро канор гирад. Ҳамакнун Турсунбй ба ноҳия омада, ба кишоварзӣ машғул аст. Дар ҳудуди 10 сотих замин шолӣ корида, меҳоҳад, як бурда нон ёбад ва зиндагиашро пеш барад.
Фархор яке аз ноҳияи аз лиҳози кишоварзӣ пешрафтаи минтақаи Кӯлоб буда, қариб ҳамаи минтақаро бо сабзавот таъмин мекунад.
Ҳукумати ноҳия мегӯяд, талошҳои худро барои баргардондани ҷавонони тоҷик аз муҳоҷират дар Русия идома медиҳад. Аммо рӯшан нест, ки оё ҳамаи онҳо бо кору даромаде, ки дар Ватан барояшон пешниҳод мешавад, қаноат хоҳанд кард, ё на. Гузашта аз ин, қариб 8,5 ҳазор нафари дигар аз ҷавонони Фархор ҳамоно дар Русияанд ва замонате нест, ки аз байни онҳо афроде ба гурӯҳҳои тундгаро ҳамроҳ нашаванд.