Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 мавриди даргирӣ дар марз бо Афғонистон дар 6 моҳ


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Панҷ.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Панҷ.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 18 мавриди даргирӣ иттифоқ афтода ва аз қочоқбарон 657 килограм маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати қушунҳои марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 15 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин арқом дар ҷараёни баргузории коллегияи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ, ки рӯзи гузашта баргузор шуд, эълон шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Улуғхоҷаев, аз маҷмӯи маводи мусодирашуда, беш аз 365 кило канабис, ҳудуди 250 кило афюн, 46 кило ҳероин ва ҳудудим 280 ҳазор бангдонаро ташкил медиҳад. Ҷаноби Улуғхоҷаев афзуд, ки дар муддати шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 62 ҳолати нақзи марзӣ сабт шуд, ки 44 мавриди он нақзи режими марзӣ буда ва дар маҷмӯъ 54 нафар нақзкунандагони режими марзи давлатӣ ва 81 нақзкунандаи режими сарҳадӣ боздошт шудаанд.

Ба иттилои сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввал дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 18 мавриди даргирӣ бо қочоқбарои маводи мухаддир иттифоқ афтодааст, ки аз шаш мавриди нақзи қонун ҷилавгирӣ шуда. Нӯҳ қочоқбар боздошт, 11 нафари дигар кушта ва 1 тани дигар захмӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин муддат марзбонон 13 адад силоҳи оташфишон ва 520 адад муҳимоти мухталиф мусодира кардаанд.

Ба таъкиди Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, дар коллегияи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ ба фармондеҳони нируҳои марзбонӣ ва дидбонгоҳҳои марзӣ дастур дода шуд, ҷиҳати таҳкиму тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои лозимро рӯи даст бигиранд. Зимнан, Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад, ки тӯли он ҳудуди 1400 километрро ташкил медиҳад. Баррасии вазъи марбут ба таҳкиму тақвияти марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон дар коллегияи нируҳои марзбонӣ дар ҳолест, ки хабарҳо аз таҷаммӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи терорист ва ифротгаро дар манотиқи шимоли Афғонистон мерасад. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон теъдоди ин ҷангиёнро 1500 нафар мегӯянд.

XS
SM
MD
LG