Беш аз 11 ҳазор хатмкунандаи мактабҳои миёнаи Тоҷикистон субҳи 6-уми июн занги камолотро дар синфхона ва маҷлисгоҳи мактаб таҷлил карданд. Ҷашни занги камолот, ки дар гузашта бо лентаҳои сурхи хатмкунандаҳо, гулдастаҳои волидайн, дастгоҳҳои зиёди наворгириву аккосӣ ва оҳангҳои пурушурӣ "ҷавонӣ" тавъам буд, имсол дар бештари макотиби пойтахт "хомӯш" ва дар дохили маҷлисгоҳҳо сурат гирифт. Дар ҳоле ки зиёда аз 11 ҳазор хатмкунанда бо мактаб падруд мегуфтанд, талабаҳои дигар мисли рӯзҳои маъмулӣ дарс хонданд. Маъракаи имсолаи занги охир ба фарқ аз солҳои пешин бо суруди миллӣ ва пахши қасами раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфт.
15 АКС аз маъракаи "хомӯш"-и занги охир дар мактабҳои Тоҷикистон
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир